Сокинони деҳаи Аҳоруни шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нушокӣ таъмин шуданд

Октябрь 29, 2020 11:32

ТУРСУНЗОДА, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  дирӯз, 28 октябр дар деҳаи Аҳоруни ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо иштироки директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода ва раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода барои 300 хоҷагӣ, ки беш аз 1000 нафар аҳолиро дар бар мегиранд, хати оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ин кори муҳим бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дастгирии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот», Корхонаи истифодабарии оби нӯшокии деҳоти шаҳри Турсунзода, инчунин саҳми соҳибкорони маҳаллӣ, фаъолон ва сокинони деҳот амалӣ гардид.

Зимни суҳбат бо сокинони деҳа раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба соҳибкорону фаъолон ва сокинони деҳаи Аҳорун, ки дар ин иқдоми муҳим саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дар баробари дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат иқдоми созандаи муҳтарам Пешвои миллатро дар амал татбиқ намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум корҳои назаррас амалӣ намуда истодаанд. Таъмин кардани аҳолии деҳаи Аҳорун бо оби босифати ошомиданӣ аз ҷумлаи онҳост.

Масъулини шаҳр гуфтанд, ки хати оби нӯшокии деҳаи Аҳорун аз масофаи 3500 метр бо қубури қутраш 90 мм кашида шуда, анҷоми корҳо бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳа дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва техникаи Корхонаи истифодабарии оби нӯшокии деҳоти шаҳри Турсунзода сурат гирифтааст.

Октябрь 29, 2020 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид