Соли 2020 зиёда аз 355 ҳазор нафар хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд

Октябрь 20, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 20.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз моҳи январ то сентябри соли 2020 зиёда аз 355 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд. Ин нишондиҳанда — 590,9 ҳазор нафар ё 62,4% камтар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 317,2 ҳазор нафари онҳо (тибқи методологияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ) сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 63,2% камтар аст.

Шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 337,3 ҳазор нафар ё 94,9 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст. Тақрибан 302,9 ҳазор нафари онҳо сайёҳон мебошанд.

Тибқи гузориши Бонки умумиҷаҳонӣ, меҳмонон дар Тоҷикистон барои истироҳати 6-12 рӯза, ба истиснои чиптаҳои ҳавопаймо, ба ҳисоби миёна аз 800 то 1400 доллар сарф мекунанд, ки ин аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ хеле камтар аст.

Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 18,2 ҳазор нафарро ташкил додааст (5,1% аз шумораи умумӣ) ва 14,3 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.

Имсол аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 237,9 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 66,9% теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад.

Теъдоди россиягиҳо, ки дар нуҳ моҳи соли 2020 ба мамлакат  ташриф овардаанд, беш аз 47,1 ҳазор нафарро ташкил додааст. Дар ҷои сеюм Қирғизистон — 41,3 ҳазор нафар, баъдан Қазоқистон — 7,4 ҳазор, Афғонистон — 4,5 ҳазор, Чин — 2,6 ҳазор, Туркия — 2,2 ҳазор ва дигар кишварҳо мебошанд.

Тавре ки аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҷрои сайёҳӣ бо сабаби пандемияи коронавирус, ки бар асари он алоқаи байналмилалии байни кишварҳо вайрон гардид, коҳиш ёфт.

Бино ба гузориши СММ, дар бораи таъсири коронавирус ба тиҷорат ва ҷомеаи Тоҷикистон, бар асари пандемияи COVID-19 ва маҳдудияти ҳаракати одамон ва молҳо бар асари он бахши сайёҳӣ  бештар осебпазир будааст.

Дар ин гузориш зикр шудааст, ки сарфи назар аз он ки саҳми сайёҳӣ ҳоло дар ММД Тоҷикистон ночиз аст, талафот аз пандемия ба ҳар ҳол назаррас хоҳад буд.

Инчунин дар гузориши СММ зикр шудааст, ки шумораи ками ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои Тоҷикистон, ҳатто ҳангоми пандемия тавонистанд «худро аз ғарқшавӣ нигоҳ доранд», аз ҷумла аз ҳисоби афзоиши таваҷҷуҳ ба сайёҳии дохилӣ ва набудани роҳҳои алтернативии сафар бо сабаби баста будани марзҳо.

Умуман, сайёҳӣ ва тиҷорати меҳмонхонаҳо соҳаҳое мебошанд, ки барои иқтисоди Тоҷикистон имконоти калон доранд.

ДАР АКС: сайёҳони Ӯзбекистон дар Тоҷикистон. Акс аз манбаъҳои озод

Октябрь 20, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад