Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои АБ ИДМ аз тариқи видеоконфронс иштирок намуданд

Октябрь 23, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 23.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. 22-23 октябри соли 2020 дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Санкт-Петербург, Қасри Таврический) як силсила чорабиниҳо баргузор гардиданд, ки дар онҳо вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи видеоконфронс иштироки фаъолона намуданд.

Аз ҷумла, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Дилрабо Мансурӣ дар кори ҷаласаи Форуми байналмилалии ҳизбӣ, ки таҳти унвони «ШОС+» дар мавзӯи «Иқтисодиёт барои инсонҳо» баргузор гардид,  сухан гуфт.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи «Самаранокии энергия ҳамчун омили муҳими таъмини «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон» маърӯза намуда, иброз дошт, ки видеоконфронси имрӯза як равиши нави консептуалӣ оид ба таҷдиди саҳми ҷонибҳо дар индустрикунонии минтақа тавассути механизмҳои муаррифии иқтисод барои мардум ва гузариш ба тартиби нави технологӣ мебошад.

«Созмони Ҳамкории Шанхай барои ҳамкории васеи байналмилалӣ кушода буд ва бояд боқӣ монад. Мо яке аз ҳадафҳои асосии СҲШ-ро дар пешбурди рушди устувори иқтисодӣ ва мунтазам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебинем. Аз ин ҷиҳат, СҲШ як қатор афзалият дорад»-, гуфт номбурда.

Инчунин зикр гардид, ки фазои васеи иқтисодӣ, захираҳои бузурги табиӣ ва инсонӣ, мукаммалии иқтисодиёт, сатҳи баланди маърифатӣ ва илмӣ-техникии аҳолӣ — ҳамаи ин бояд барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо пурра истифода шаванд.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода  дар кори ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология иштирок намуд. Аъзои комиссия   лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ (моделӣ), аз ҷумла  «Дар бораи рушд ва ҳифзи қаламравҳои кӯҳӣ», «Дар бораи рафъи зарари ҷамъшудаи муҳити зист», «Дар бораи системаҳои иттилооти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи табиат ва амнияти экологӣ», «Дар бораи ғалладона», «Дар бораи режими ҳуқуқии қаламравҳое, ки аз олудагии радиоактивӣ зарар дидаанд»-ро муҳокима намуданд.

Ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дар кори ҷаласаи  Шӯрои экспертӣ оид ба тандурустии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуд. Иштирокчиёни ин ҷаласа дар рӯзномаи кории худ масъалаҳои «Фаъолияти ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барои кумак ба аҳолии осебпазир дар рафъи пандемияи COVID-19 дар минтақаи Аврупо» ва «Рушди иқтисоди кишварҳои ИДМ дар шароити пандемияи COVID-19» ва дигар масоили муҳими рӯзро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон аз тариқи онлайн-конфронсҳо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода ва узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидов дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ сухан гуфтанд.

Иштирокчиёни видеоконфронсҳо дар рӯзномаи кории худ якчанд масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла лоиҳаи Кодекси модели интихобот барои давлатҳои аъзои ИДМ, қонунҳои намунавӣ «Дар бораи лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ», «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ», таҳлили муқоисавии ҳуқуқии воситаҳои танзими зиддибуҳронӣ, инчунин заминаи қонунгузории Консепсияи рушди устувор ва бехатар барои давлатҳои аъзои ИДМ, лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи ҷуброни зиёне, ки ба шаҳрвандоне, ки аз ҷиноятҳо зарар дидаанд», «Дар бораи сармоягузорӣ ва бонкдории эътимоднок», «Дар бораи суғурта», «Дар бораи фаъолияти нархгузорӣ», «Дар бораи қонунҳои шартномавӣ (муқаррароти умумӣ)»-ро ҳамаҷониба муҳокима намуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар видео-конференсияҳо дар баробари масъалаҳои рӯзнома вакилон ҳамчунин ҳамкории байнипарлумонӣ ва дигар вижагиҳои пешбурди кор дар сохторҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Октябрь 23, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
«ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА УСТУВОРИИ ДЕМОГРАФӢ БА МАНФИАТИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ доир мешавад
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд