Варзишгарони навраси тоҷик дар Федератсияи Россия соҳиби ду медали тилло шуданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Федератсияи Россия давоми 3 рӯз Чемпионати кушоди Авруосиё оид ба ҷиу-ҷитсу миёни кӯдакону наврасон баргузор шуд. Дар қатори варзишгарони кишварҳои дигари қора ду навраси тоҷик- Мунис ва Абӯбакр Давлатовҳо ҳам дар мусобиқа ширкат намуданд. Дар ин бора аз Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Мунис Давлатов 8 сол дошта, дар вазни 24 кило ҳунарнамоӣ намуд. Ӯ ба Марк Савич аз Чехия, Никита Антонов аз Беларус ва Андрей Асташов аз Россия дастболо гардида, унвони чемпиониро соҳиб шуд.
Абӯбакр Давлатов миёни варзишгарони соли таваллудашон 2013 дар вазни 23 кило ғолиби мусобиқа дониста шуд. Ӯ дар даври аввал Павел Савостики русро шикаст дода, бар ҳарифони навбатии худ Никита Михайлов аз Беларус ва Степан Макаров аз Россия дастболо гардида, медали тилло гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ин ду варзишгари умедбахши тоҷик дар мусобиқаи дигаре, ки бо номи AJP TOUR MOSCOW INTERNATIONAL PRO моҳи августи соли равон дар доир шуда буд, ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст ёфта буданд.








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






