ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, гуфта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Вазорат зикр мекунад, ки раванди овоздиҳиро миссияҳои мушоҳидон аз ИДМ ва Созмони Ҳамкории Шанхай пайгирӣ намуданд. «Интихобот шаффоф, озод ва қонунӣ эътироф карда шуд. Интихобот, ки дар он 85,39% интихобкунандагон бо майлу ирода ширкат варзиданд, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ, дар фазои рақобат сурат гирифт», — зикр намудаанд дар ВКХ ФР.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентии 11 октябрро тасдиқ кард, ки тибқи он Президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% овозҳо ғолиб омад. КМИР инчунин натиҷаҳои номзадҳои дигарро тасдиқ кард, ки тибқи онҳо Мироҷ Абдуллоев, ки аз ҷониби Ҳизби коммунист пешбарӣ шудааст, 1,17%, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ — 1,49%, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ — 2,14% ва Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ — 3,02% овоз гирифтаанд.
ДАР АКС: ВКХ ФР. Акс аз бойгонӣ








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






