ВМКБ: Ҳавзаи интихоботии Ишкошим, №21 ба интихоботи президентӣ пурра омода аст

Октябрь 5, 2020 10:33

ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Участкаи интихоботии рақами 18, ки дар маркази ноҳияи Ишкошим ҷойгир буда, ба Ҳавзаи интихоботии Ишкошим, рақами 21 ворид мешавад, барои баргузор кардани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омода аст. Ҳайати комиссияи участкавӣ барои интихобкунандагон якчанд машварат доир намуда, тамоми маводи зарурие, ки аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, байни интихобкунандагон тақсим карда шуданд.

Раиси ин участкаи интихоботӣ Сайёра Замирова изҳор намуд, ки “дар фазои солиму ором, шаффофу беғараз баргузор кардани ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз ҳадафҳои асосии мост. Ба ин мақсад дар  участкаи интихоботии рақами 18  барои раъйдиҳандагон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо утоқи махсус барои модару кӯдак, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, утоқи махсус барои шахсони дорои имконияти маҳдуд ва ҳамчунин шароити мусоид барои намояндагони ҳизбҳои сиёсию нозирони дохилию байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст.  Барои онҳое, ки бо сабаби беморӣ ва ё барҷомондагӣ дар овоздиҳӣ ширкат карда наметавонанд, қуттиҳои сайёр омода ҳастанд”.

Раиси ҳавзаи интихоботии Ишкошим, №21 Ҷумъахон Назарбеков қайд кард, ки “ҳамаи  24 участкаи интихоботӣ ба овоздиҳӣ пурра омода мебошанд. Дар робита ба ҳифзи саломатии интихобкунандагон ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID- 19 низ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо маводи зиддисептикӣ таъмин буда, баъди соатҳои муайян бинои утоқҳои овоздиҳӣ безарар гардонида мешаванд”.

Октябрь 5, 2020 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон