«Забон — ҳастии миллат». Таҳти ин унвон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд

Октябрь 5, 2020 16:55

ДУШАНБЕ, 05.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ зери унвони «Забон – ҳастии миллат» бо иштироки намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Зикр шуд, ки насли ҷавони мо бояд  огоҳ бошанд, ки ниёгони онҳо сарфи назар аз номеҳрубониҳои таърих то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд.

-Акнун вазифаи ворисони  забон он аст, ки,-гуфта шуд дар ҳамоиш,-  ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда мерос гузоранд.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯз нақши забони давлатӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ бузург мебошад. Аз ҷумла, роҳбаладон, ки ҳамеша бо ҷаҳонгардон сайр мекунанд, дар баробари донистани забонҳои хориҷӣ бояд аз таъриху фарҳанг ва нозукиҳои забони халқи худ бохабар бошанд. Зеро сайёҳон маҳз тавассути онҳо дар бораи Тоҷикистон тасаввурот пайдо мекунанд. Бардошти сайёҳон аз бисёр ҷиҳат аз роҳбаладон вобаста аст.

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким оид ба нақши забони давлатӣ дар ташаккули фарҳанги миллӣ сухан ронда, аз вазъи таърихӣ ва баъдан дар шароити боз ҳам душвори эҳё ва таҳкими бунёди иқтисоди миллӣ ва анҷоми дигар фаъолиятҳои марбут ба устувор намудани пояҳои давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои марбут ба рушду густариши забон ёдовар шуд.

Дар ҳамоиш мудири шуъбаи экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳот Мавҷигул Давлатшоева атрофи рушди забоншиносӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.

Дар фарҷоми ҳамоиш изҳор гардид, ки «мо маҳз тавассути сарҷамъӣ ва ҳифзи беолоиши забони тоҷикӣ, ки яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён мебошад, бояд пояҳои давлату давлатдории мустақилонаи худро боз ҳам мустаҳкам карда, ҷойгоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи арзанда расонем ва дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ мақоми шоиста пайдо кунем».

Октябрь 5, 2020 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад