Ҳафтаи равон нишасти сарони далатҳои узви СААД ба нақша гирифта шудааст

Ноябрь 30, 2020 12:12

ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Владимир Путин ҳафтаи оянда дар нишасти кишварҳои СААД ширкат хоҳад кард, гузориш додааст шабакаи телевизионии «Россия 1» 29 ноябр. Имсол раёсати СААД -ро Федератсияи Россия ба дӯш дорад ва аз ин рӯ нишасти сарони давлатҳо дар он ҷо баргузор мешавад.

 Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 17 ноябр ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Конфронс таҳти раёсати дабири ША Федератсияи Россия Николай Патрушев ва бо иштироки дабири кулли СААД Станислав Зас сурат гирифт.

Дар ин ҷаласа Станислав Зас иброз намуд, ки нишасти сарони кишварҳои узви СААД моҳи декабр дар Москва баргузор мешавад. Котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД тарҳи рӯзномаи нишастро мувофиқа кардаанд.

«Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои СААД, ки 2 декабр ба нақша гирифта шудааст, мувофиқа карда шуд»,  — омадааст дар изҳороте, ки пас аз ҷаласаи котибони шӯроҳои амният дар сайти президенти Қазоқистон нашр шудааст. Қаблан дабири кулли СААД Станислав Зас хабар дода буд, ки нишасти СААД моҳи декабр дар Москва баргузор мешавад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки «баргузории Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ имконпазир аст».

Ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД соли 2021 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

СААД — созмони минтақавии байналмилалӣ мебошад ва ҳадафҳои он «таҳкими сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлатҳои узв мебошад, ки барои расидан ба онҳо давлатҳои аъзо ба  воситаҳои сиёсӣ афзалият медиҳанд».

Бунёди СААД 15 майи соли 1992 бо имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Тошканд гузошта шуд. Ба Паймон шаш кишвар — Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомил мебошанд.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 30, 2020 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид