Бахшида ба Рӯзи милитсия дар Исфара мусобиқаи футбол оғоз гардид

Ноябрь 3, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар қувваозмоиҳо 12 дастаи футболбозон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо ва маркази шаҳр фаъолона ширкат менамоянд ва тибқи муқаррароти мусобиқа, ба ғолибони мусобиқа Ҷом, туҳфаҳои хотиравӣ ва барои ҷои якум 3 ҳазор сомонӣ, барои ҷои дуюм 2 ҳазор сомонӣ, барои ҷои сеюм 1 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти раиси шаҳри Исфара иттилоъ медиҳад.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси роҳбарони шуъбаи якуми Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик, бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш ва роҳандозии тарзи ҳаёти солим гузаронида мешавад.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ва сардори ШВКД-1, генерал-майори милитсия Нурулло Орифзода иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳидояту раҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва варзиш тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, самтҳои гуногуни варзиш басо равнақу ривоҷ ёфта истодаанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи муҳими иқтисодӣ низ касб намуда, мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рӯҳиву равонии онҳо ва дар маҷмӯъ, суботи ҷомеа беҳтар мегардад.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Исфара бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорони саховатпеша баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бунёди толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ вусъат гирифта, то ин ҷониб даҳҳо майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои хурди футбол ба истифода дода шудаанд.

Ноябрь 3, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд