Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам таваҷҷуҳ зоҳир гардид

Ноябрь 2, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» таъкид гардид, ки тибқи тағйироти пешниҳодгардида дар лоиҳаи Қонуни мазкур мукаммалгардонии моддаҳои 2, 3,  5,  6, 25, 28, 30, 32 ва 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» бо роҳи илова ва дар таҳрири нав ифода намудани сархатҳо ва қисмҳои махсус ба нақша гирифта шудааст.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба муқаддима,  моддаи 2 Қонунии амалкунанда сархатҳои якум, понздаҳ ва шонздаҳум, ки фарогири мафҳумҳо оид ба «маҳсулоти хўрокворӣ», «регламенти техникӣ», «коркарди маҳсулоти хўрокворӣ» ва «Принсипҳои асосии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» мебошанд, дар таҳрири нав  баён карда шуда, ҳамзамон ба моддаҳои мазкур сархатҳои нав, яъне сархати понздаҳум ва шонздаҳум бо мазмуни «регламенти техникӣ» ва «коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ» илова карда шудаанд, ки он танзимкунандаи  риояи ҳатмии  амалӣ намудани муносибатҳои бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ  бо мақсади  ҳифзи  ҳаёту саломатии инсон ва наслҳои оянда мебошад.

Тағйироти пешбининамудаи қисмҳои 3, 5, 8 ва 9 лоиҳа хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва мутобиқгардонии меъёрҳои моддаҳои зикргардида ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона карда шудаанд.

Инчунин дар қисмҳои 5, 6, 7 ва 10  лоиҳаи  Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани моддаи 2 Қонуни амалкунанда сархат ва қисмҳои нав илова карда шудаанд, ки тибқи он бехатарии маҳсулот, раванди коркарди он, истеҳсол, истифода, нигоҳдорӣ, интиқол, хизматрасонӣ, инчунин коркарди ҳароратӣ тибқи талаботи муқаррарнамудаи санади меъёри техникӣ ва риояи ҳатмии он ба  танзим дароварда шудааст.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин иброз гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» бо мақсади аз байн бурдани ихтилофоти ҷойдошта дар Қонуни зикргардида, мушаххасу саҳеҳ гардонидани як қатор меъёрҳои ҳуқуқӣ ва истилоҳу ибораҳо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, 17 марти соли 2020 баён гардидаанд, пешниҳод мегардад.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида мазмуни матни Қонуни амалкунандаро саҳеҳ мегардонанд. Ба Қонун моддаи 71 -ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетики набототи корам дар соҳа илова карда шудааст.

Дар лоиҳаи Қонун мафҳумҳои иловашудаи «набототи корам» ва «корҳои ҷустуҷўии биологӣ» мазмуну матни қонунро саҳеҳ гардонида, мафҳумҳои «генофонди набототи корам», «навъҳои қадимаи анъанавии маҳаллӣ», «системаи агроэкологӣ», «коллексияи захираҳои генетикии набототи корам» ва «коллексияи миллии захираҳои генетикии набототи корам» барои мушаххас намудани истилоҳу ибораҳо дар таҳрири нав ифода карда шудаанд.

Иловаҳо ба моддаҳои 8 ва 9 матни онҳоро мушаххас менамоянд. Номи моддаи 13 ба мазмуни матни он мутобиқ гардонида шудааст.

Дар лоиҳаи Қонун истилоҳу ибораҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳрир ва мухолифату норасоиҳои ҷойдошта бартараф карда шудаанд. Бо назардошти ворид намудани мафҳуму ибораҳои нав матни Қонуни амалкунанда такмил дода шудааст.

Дар анҷоми кори ҷаласаи Шӯро аз рӯи масъалаҳои баррасишудаи  рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ноябрь 2, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид