ДАР ҶАРАЁНИ САФАРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА РОССИЯ ҚАДАМИ ТАЪРИХӢ ГУЗОШТА ШУД. Дар НДХХ Москва павилони Тоҷикистон метавонад аз нав эҳё шавад!

Ноябрь 26, 2020 12:45

ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (НДХХ) дар Москва павилони Тоҷикистон метавонад аз нав эҳё шавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахти Россия иттилоъ додааст. Қарори эҳё намудани павилони миллии Тоҷикистонро дар ҳудуди НДХХ дар Москва шаҳрдори Москва Сергей Собянин ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни мулоқоташон 25 ноябр қабул намуданд.

Хадамоти матбуоти Москва зикр мекунад, ки шаҳрдори Москва Сергей Собянин ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи бунёди павилони  миллии Тоҷикистонро дар НДХХ, ки дар он ҷо аз соли 1939 то 1965 ҷойгир буд, баррасӣ карданд.

«Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаи лоиҳаи бунёди павилони миллии Тоҷикистонро дар НДХХ — ҳамчун “корти муаррифии ҷумҳурӣ”дар Россия идома диҳанд», — хабар доданд аз дафтари матбуоти шаҳрдории Москва.

Хотиррасон мекунем, ки тӯли зиёда аз 30 сол павилони Тоҷикистон НДХХ -ро зиннат мебахшид. Қарорро дар бораи эҳёи павилон, ки ба “корти муаррифии” Тоҷикистон  мубаддал шуда буд ва ибтидои солҳои 60-ум тахриб гардид, воқеан метавон таърихӣ номид.

Сохтмони намояндагии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумииттифоқӣ соли 1937 оғоз ёфта буд. Павилон соли 1939 кушода шуд. Пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ бино бозсозӣ гардид.

Павилон аз панҷ толор иборат буд ва омезиши услубҳои гуногуни меъморӣ — аз мактаби мавританӣ то конструктивизми он замон маъмул сохта шуда буд. Як толори он дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҳикоят мекард. Дигараш ба маҳсулоти асосии кишоварзии ҷумҳурӣ — пахта бахшида шуда буд. Дар ин ҷо муҷассамаи Сталин низ насб шуда буд, ки бо Мамлакат Наҳангова — пионери «стахановчӣ», машҳуртарин духтари тоҷик, ки назар ба як бригадаи мукаммал бештар пахта чидааст, дастфишорӣ мекунад.

Ба гуфти шоҳидон, дар он ҷо тоқҳои фотимӣ, нақшҳои арабӣ, нақшу нигораҳо ва шишаҳои ранга мавҷуд буданд. Дар сақфҳояш болораҳои бетонӣ бо чашмакҳои шишапӯш ва чароғҳо мавҷуд будаанд. Онҳоро устоҳои мӯъҷизаофар аз Тоҷикистон ороиш дода будаанд. Дарҳои боҳашамати чӯбини ба таври латиф кандакоришуда тахайюлотро такон медоданд.

Сафолакҳо ва ороишоти он аз рӯи нақшҳои рассом Петр Будо, ки пас аз чанд сол дар ҷанг ҳалок шудааст, сохта шудаанд. Ороиши павилони Тоҷикистон ягона мероси эҷодиест, ки аз ӯ боқӣ мондааст.

«Муҷассамаҳои «Оилаи тоҷикон» ва «Иттифоқи коргарон ва деҳқонон»-и Антон Лавинский ба павилон зиннат мебахшиданд, — мегӯяд нависанда Амирам Григоров. — Дар бораи ин одам мегӯянд, ки гӯё ӯ фарзанди ғайриникоҳии Владимир Маяковский мебошад. Дар даромадгоҳи павилиони ҶШС Тоҷикистон ду муҷассамаи сохтаи ӯ гузошта шуда буданд, ки баъдтар бе ному нишон гум шуданд. Ҳеҷ кас намедонад, ки онҳоро дар куҷо ҷустуҷӯ бояд кард. Ҳарчанд умед аст, ки онҳо шояд дар коллексияҳои шахсӣ наҷот ёфта бошанд».

Павилони ҶШС Тоҷикистонро дар НДХХ он замон метавон муайянкунандаи мӯд дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурии ҷавон номид.

Меъморӣ, наққошӣ, санъати амалӣ — ин ҳама аз Москва ба Сталинобод (ҳозира Душанбе) бармегаштанд ва амалан меъёрҳои навро дар санъат муқаррар мекарданд. Ин ҳолат, дар маҷмӯъ, бо тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ рух дода буд.

Маҳз аз павилони ҶШС Тоҷикистон тамоюли воқеӣ дар наққошии тоҷик оғоз ёфт. Чаро? Чунки дар ин ҷо мусаввараҳои Маҷид Хушмуҳаммадов, ки ӯро аввалин рассоми реалистии Осиёи Миёна меномиданд, ба намоиш гузошта шуда буданд. Маҳз асарҳои ӯ ба санъати аврупоии шакли реалистиро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа оғоз бахшиданд.

Дар нимаи дуюми солҳои 50-ум самти фаъолияти павилонҳо тағйир дода шуд. Агар қаблан кохҳои миллӣ ҳамчун намоишгоҳҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ хидмат мекарданд, пас аз ин ба баъд онҳо ба намоишгоҳҳои соҳаҳои хоҷагии халқ табдил дода шуданд.

“ҶШС Тоҷикистон” ба толори намоишии павилони “Маданияти СССР” табдил ёфт. Ва ба ҳамин сифат павилон тақрибан нуҳ сол пойбарҷо буд. То замоне, ки амри тахриби он содир шуд».

Соли 1965 павилони Тоҷикистон вайрон карда шуд.

Павилонро дар як шаб вайрон карданд, то ин ки субҳи рӯзи дигар шаҳрвандони шӯравӣ тӯдаи сангҳоро набинанд. Ва ба ҳамин тартиб  «Тоҷикистон» — як павилони хурдакак, латиф, ғайриодӣ ва зебо нопадид гардид.

Баъдан, дар ҷойи «ҶШС Тоҷикистон» лавҳаи фахрӣ насб карда шуд. Аммо ин ҳам дер давом накард.

Ба ҳар ҳол, гуфтан мумкин нест, ки Тоҷикистон дар НДХХ муаррифӣ  нашудааст. Як чиз — ним чиз ҳанӯз боқӣ мондааст. Масалан, пайкараи тиллокоришудаи зани тоҷик бо либоси миллӣ ва шохчаҳои ниҳоли пахта дар даст, ки фаввораи ба қарибӣ бозсозишудаи “Дӯстии халқҳоро” зиннат медиҳад.

Ба ғайр аз ин, тирамоҳи соли гузашта дар НДХХ намоишгоҳи  «Маҳсулоти Тоҷикистони офтобӣ» баргузор гардид, ки дар он мева, сабзавот, шириниҳо ва инчунин оши палови беҳамтои тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ва соле як маротиба, моҳи март, дар павилони №72 ҷумҳурӣ ҷашни Наврӯзро бо иштироки на танҳо тоҷикон, балки тамоми хоҳишмандон таҷлил мекунад.

Дар аксҳои боқимонда меъмории ғайриодии павилони Тоҷикистонро дидан мумкин аст. Конструктивизм, тасвирҳои анъанавии шарқӣ ва мавританӣ ҳамдигарро такмил медиҳанд. Тасвирҳои арабӣ, гаҷкориҳо, дарҳои чӯбин бо пешайвони бошукӯҳи он омезиш ёфтаанд.

ДАР АКС: намуди берунӣ ва дохилии павилони собиқи «Тоҷикистон» дар НДХХ Москва. Аксҳо аз вебсайти НДХХ.

 

Ноябрь 26, 2020 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд