Дар Данғара 11 нафар узви ду оила аз истеъмоли консерваи хонагӣ заҳролуд гаштаанд

Ноябрь 3, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 03.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Меҳргони ҷамоати И.Шарипови ноҳияи Данғара дар натиҷаи истеъмоли консерваи бодиринг ва помидори дар шароити хона тайёркардашуда 11 нафар узви ду оила заҳролуд гардида,  9 нафари онҳо фавран дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд. 

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бар асари истеъмоли консерваи бодиринг ва помидор як нафар узви оила, ки 23 сол дошт, 1 ноябр дар беморхона  фавтид. Ҳолати се нафари дигари заҳролудшуда, ки аз 15 то 47 сол доранд, вазнин арзёбӣ мешавад.

Вазъи саломатии  5 нафари дигар беҳтар шуда, онҳо таҳти назорат ва муолиҷа қарор доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат муроҷиат мекунад, ки зимни омода намудани консерваҳо талош намоянд қоидаҳои бехатариро риоя намуда, аз истеъмоли консерваҳои рангашон тира шуда ё шубҳаовар худдорӣ намоянд.

Тавре профессори кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Рустам Бобохонов иброз намуд, зимни консерва намудан бонувон бояд диққати асосиро ба тозагӣ ва безараргардонии ашёе, ки дар он маҳсулот захира мешавад, равона намоянд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар баъзе ҳолатҳо занон зарфҳои шишагинро дар нури офтоб хушк мекунанд, ки ин амал барои захира ва нигоҳдории дуру дароз кафолати пурра дода наметавонад. Зеро як қисми зарфи шишагин дар офтоб асту ба қисми дигар нури офтоб намерасад. Дар ин ҳолат дар як қисми он зараррасонҳо боқӣ мемонанду ба маҳсулоти дохили зарф таъсир мерасонанд, ки дар натиҷа захира қобилияти нигоҳдории худро гум мекунад.

Инчунин зарф ва сарпӯши онро дар муддати 10-15 дақиқа дар буғи оби гарм безарар намудан шарт ва зарур аст. Намнокӣ барои нигоҳдории консерва, нӯшоба ва мураббо бояд аз 70 фоиз зиёд набошад, зеро сарпӯши зарф оҳанӣ буда, занг заданаш мумкин аст. Он дар натиҷа ба маҳсулоти дохили зарф зарари худро мерасонад, ки ин гуна консерва барои истеъмол тавсия дода намешавад.

Ноябрь 3, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд