Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оид ба рушди инноватсионии илм ва таълим Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд

Ноябрь 27, 2020 15:19

ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 68-умин Конфронси солонаи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Заминаҳои бунёдии рушди инноватсионии илм ва таълим» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур олимон ва ходимони сиёсии ватанӣ, меҳмонон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Германия, Озарбойҷон, Украина ва ИМА ба таври онлайн иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода  зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар баробари омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустии мамлакат, инчунин дар рушди илми тиб нақши калидӣ мебозад. Ҳамоиши илмии имрӯза баҳри натиҷагирии фаъолияти илмии донишгоҳ, таҳлили амиқи илмии мушкилот ва дар ин замина тарҳрезии тадқиқоти илмӣ нақши муассир мегузорад.

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода, дар Стратегияи миллии рушди мамлакат то соли 2030 сармояи инсонӣ ҳадафи олии стратегӣ ба ҳисоб меравад. Зимни вохӯрӣ бо олимони ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо вазифаҳои нав гузоштанд, ки инро оғози марҳилаи нави рушди илм донистан мумкин аст. Дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллӣ пайдо намуда, илмҳои тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятноки  Академия муайян гардид”,- гуфт ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.

Ҳамчунин номбурда иброз дошт, ки тибқи таҳлилҳо,  сабабҳои чоп нагардидани мақолаҳои илмии олимон ва муаррифӣ нагардидани илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маҳз ҷавобгӯ набудани дизайни тадқиқот ва усулҳои таҳлил аст, ки барои бартараф шудани мушкилот имрӯз ба ин масъала таваҷҷуҳи аввалиндараҷа бояд дода шавад.

“Бояд гуфт, ки бе мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ ва пояи устуавори моддиву техникӣ роҳандозӣ намудани тадқиқоти зарурӣ ғайриимкон аст. Вобаста ба ин роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки таҷҳизоти муосири озмоишӣ дастрас намояд. Яке аз ҳадафҳои стратегии  донишгоҳ  то соли 2025 бунёди Пажӯҳишгоҳи тиббии фундаменталӣ ба ҳисоб меравад”,-гуфт М. Гулзода.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии фосилавӣ зикр намуд, ки “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии илмии олимону донишмандони соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Имсол ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ дар шароите доир мегардад, ки хурӯҷи пандемияи COVID-19 боиси ташвиши ҷиддии мардуми сайёра гашта, бо мақсади пешгирии паҳншавии минбаъда ва дарёфти ваксинаи мувофиқи он дар машҳуртарин озмоишгоҳу марказҳои эпидемиологии дунё тадқиқоти олимону профессорон идома дорад. Хушбахтона, аз рӯзи нахустини бақайдгирии  ваксинаи аввалин дар Россия ва Амрико маълумот интишор шуданд, ки ин аз қудрату тавоноии илми тибби муосир алайҳи ҳама гуна хавфу хатарҳои эпидемиологӣ гувоҳӣ медиҳад”.

Ҳамчунин дар конфронс дастовардҳои олимони маъруфи Тоҷикистон ва олимони шинохтаи кишварҳои хориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб,  дастовардҳои соҳаҳои мухталифи илми тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ, татбиқи  дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ шуданд.

Мавзуъҳои мубрами банақшагирифта дар ҷаласаи  пленарӣ,  симпозиумҳои «ВНМО/БПНМ  ва масъалаҳои мубрами микробиология, иммунология ва вирусология», «Физиологияи нормалӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар конфронс 188 маърӯзаи илмии олимон баррасӣ гардиданд, ки 71 маърӯза аз кишварҳои хориҷи дуру наздик ворид шудаанд.

Дар хотимаи конфронс резолютсия қабул карда шуд, ки он барои ворид намудани дастовардҳои олимони ватанӣ ва ҷаҳонӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 27, 2020 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд