Дар Душанбе Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-2020” баргузор мегардад

Ноябрь 10, 2020 16:05

ДУШАНБЕ, 10.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-2020 баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, ҳадафи баргузории Форум аз  баррасии вазъи сайёҳӣ дар замони буҳрони COVID-19, хисороти расида ба соҳа ва бахшҳои таркибии он, дастгирии соҳа дар шароити буҳронӣ ва пасобуҳронӣ, таркибсозии гуногуни сабади маҳсулоти сайёҳӣ, баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, боло бурдани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат иборат мебошад.

Дар кори Форуми байналмилалӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, ташкилоти байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат варзида, имконот  ва дурнамои  рушди соҳа мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Ноябрь 10, 2020 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад