Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 10 ноябр бахшида ба Рӯзи баргузории Иҷлоссияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент таҳти унвони «Ду насл» бо иштироки собиқадорон ва ҷавонон ҳамоиши сиёсӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Ғайбулло Афзалов, собиқадор ва шахсияти хизматнишондодаи ҷомеа Марҳабо Ҷабборӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ иштирок намуданд.
Мақсади баргузории ҳамоиш гиромӣ доштани санаҳои муҳими таърихӣ ва ҳамчун сабақи зиндагӣ ва фаъолият қарор додани шахсиятҳои баруманди миллат мебошад, ки дар он вазъиятҳои бисёр мушкил пуштибони сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Дар ин баробар баҳри рушди тафаккури ҷавонон ва маърифати сиёсии онҳо чунин чорабиниҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Зикр гардид, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Тоҷикистон барои давлату миллати мо нақши сарнавиштсоз дошта, дар пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ ва сохти конститутсионии мамлакат нақши муҳим бозидааст. Дар рўзҳои даъват ва баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ мардуми мамлакат гирифтори кашмакашиҳои ҳалокатбори қувваҳои бадхоҳи сиёсии дохиливу хориҷӣ шуда буданд, ки мақсади асосиашон пароканда намудани миллати тоҷик ва аз байн бурдани давлати ҷавони Тоҷикистон буд.
Дар қисмати ниҳоии ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт.









ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






