Дар Панҷакент теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ меафзояд
ДУШАНБЕ, 20.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маърифатпарвар» дар шаҳри Панҷакент ба истифода додани толори китобхонаи электронӣ барои 400 нафар, сехи дўзандагӣ бо 120 ҷойи корӣ, хобгоҳ барои 400 нафар устодону донишҷўён, сехи коркарди чӯбу тахта, коргоҳи хиштпазӣ ва толори замонавӣ барои намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз фаъолияти коргоҳи меваи хушк дар ҶСК «Маърифатпарвар»-и назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент иттилоъ дода шуд.
ҶСК «Маърифатпарвар» ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардида, аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзҳои ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, Парки технологӣ дувоздаҳ бахшро фарогирӣ карда, дар нақша аст, ки бахши сайёҳӣ, шуъбаи табъу нашр, маркази курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, шуъбаи хӯрокҳои умумӣ, хизматрасониҳои маишӣ, сехи таълимӣ – истеҳсолии коркарди чӯбу сангҳои ороишӣ, боғпарварӣ, коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахши таҷрибаомӯзӣ марҳила ба марҳила мавриди амал қарор гиранд. Дар айни замон бахши боғпарварӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, базаи моҳипарварӣ ва сехи мевахушккунӣ фаъолият намуда истодаанд. Корхонаи коркарди меваю сабзавот имкони дар як шабонарӯз хушк намудани то се тонна меваҷоту сабзавоти тару тозаро доро буда, тавассути технологияи мазкур хушксозии пиёз, сабзӣ, қаламфури булғорӣ, картошка ва ғайра таҷриба карда мешавад.
Коргоҳи дӯзандагии ҶСК «Маърифатпарвар» бо 125 адад мошинаи дарздӯзӣ фаъолият дошта, дар баробари таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ, заминаи устувори таълимӣ-омӯзишӣ барои донишҷӯёни Коллеҷи технологӣ ва инноватсионии назди Донишкада мебошад.
Зимни боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ аз фаъолияти ҶСК «Маърифатпарвар» ҷиҳати амалӣ намудани тасмимҳои минбаъда, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, инчунин омода намудани мутахассисони ҷавон ба Раёсати Донишкада як қатор дастуру супоришҳо дода шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Холиқзода Абдухолиқ ҳамчунин аз Маркази саломатии шаҳри Панҷакент дидан намуд.
Зимни боздид вобаста ба беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, қабулу ташхиси саривақтии беморон ва гузаронидани корҳои тармиму навсозии ҳуҷраҳои кории Маркази саломатӣ, инчунин оид ба омода ва пешниҳод намудани лоиҳаи бақайдгирии реҷаи рақамии тиббӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дода шуд.













Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






