Дар Санкт-Петербург иҷлосияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 ноябр дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии (АБП) ИДМ ҷаласаҳои комиссияҳои доимии АБП ИДМ оид ба иқтисод ва молия; оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон; оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш баргузор мешаванд. 27 ноябр, соати 10:00 дар Қасри Таврическийи Санкт-Петербург ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шакли видеоконфронс оғоз меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Иттиҳод, инчунин намояндагони мақомоти ИДМ ва ташкилоти байналмилалӣ ширкат меварзанд.
Иҷлосияро аз толори хониши Қасри Таврический Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои АБП -и ИДМ, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия роҳбарӣ мекунад.
Яке аз мавзӯъҳои марказии ҷаласа таъминоти қонунии тадбирҳое, ки дар кишварҳои узви ИДМ дар робита бо пандемияи COVID-19 андешида мешаванд, хоҳад буд. Инчунин масъалаҳои ҳолат ва дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ ва таъминоти меъёрӣ — ҳуқуқии он дар фазои АвруОсиё, омодагӣ ба назорати интихобот ба мақомоти ҳукуматӣ дар кишварҳои ИДМ дар соли 2021, ташкили Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маориф дар назди АБП ИДМ ва якчанд масъалаҳои дигар низ баррасӣ карда мешаванд.
Худи ҳамон рӯз, 27 ноябр, соати 12:00, ҷаласаи 51-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад. Дар он ҳайатҳои парлумонии давлатҳои ИДМ иштирок мекунанд.
Ҷаласаи пленарӣ мустақиман дар сайти расмии АБП ИДМ ва инчунин дар шабакаи телевизионии “Вместе-РФ” пахш мешавад.
Вакилон лоиҳаи Конвенсия дар бораи ҳифзи иншооти мероси фарҳангии давлатҳои аъзои ИДМ, Кодекси намунавии меҳнат барои давлатҳои аъзои ИДМ, Кодекси намунавии интихобот барои давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин якчанд лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ: «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи фаъолияти муҳандисӣ ва хидматрасонӣ ва машварати муҳандисӣ», «Дар бораи сохтмони объектҳои ғайриманқул дар асоси саҳми муштарак», «Дар бораи бехатарии экологии интиқоли маҳсулоти нафтӣ тавассути қубурҳо», «Дар бораи рушд ва муҳофизати минтақаҳои кӯҳистон», «Дар бораи назорати парлумонӣ», «Дар бораи варзиш дар мактабҳо», «Дар бораи ҷуброни зарари ба шаҳрвандон расонидашуда, ки аз ҷиноятҳо зарар дидаанд» ва дигарро баррасӣ мекунанд.
ДАР АКС: Қасри Таврический дар Санк-Петербург. Акс аз бойгонӣ








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






