Дар таҳкими низоми бонкдории миллӣ Президенти Тоҷикистон нақши арзишманд гузоштаанд
ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Ҳадафи таъйин гардидани Рӯзи Президент дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави давлатдории миллӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр шакли идораи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти тозаинтихоб оғоз гардид. Чунин гуфт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳаммадзода дар ҷамъомади тантанавие, ки имрӯз дар Бонки миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент доир гардид.
Мавсуф афзуд, ки Рӯзи Президент ба хотири эҳтирому эътирофи сиёсати давлатдории навини мамлакат, таъмини сулҳу субот, ваҳдати мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ин ҳама дар маҷмӯъ, ба салоҳияту фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст, қабул шуда, ба кору пайкор ва саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии зич дорад. Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбарӣ расидан мардумро муттаҳид намуданд ва дар қалби пиру ҷавон шуълаи умед ба ояндаи дурахшонро бедор ва халқро бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузург дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дода шуд. Бо баёни дигар, хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ ва хизмат ба Ватану ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошанд. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар корнамоиҳо дар арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат дар роҳи бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат низ муҳим ва сазовор арзёбӣ мешавад. Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон соҳиби пули миллии худ гардид. 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани пули миллии мамлакат- «сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон- Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба тасвиб расид. Дар маҷмӯъ, Президенти Тоҷикистон дар бунёди сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва таҳкими низоми бонкдории миллӣ нақши асосӣ доранд ва пули миллии сомонӣ, ки ба ибтикори бевоситаи ӯ дар муомилот ҷорӣ гардид, на танҳо воситаи муомилот, балки рукни муҳими давлатдории имрӯза маҳсуб меёбад.
Дар ҷамъомади тантанавӣ кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Пешвои миллат-меъмори сулҳи тоҷикон», «Нақши Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон дар бунёди сиёсати пулию қарзӣ» ва «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол», ки барои мардуми Тоҷикистон сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ ва марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ гардид, маърӯза карданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ изҳори умед кард, ки халқи тоҷик таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.









Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашӣ васлу насб карда шуд
Дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вена баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Дар Вена роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди рушди байналмилалии OPEC баррасӣ гардид
Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтенгии «S&P Global Ratings» баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо» Созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми рушди ОПЕК-2026 дар Австрия иштирок намуд
Дар Австрия дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНИДО баррасӣ шуд
ҶАЛАСАИ 45-УМИ ШУРОИ ИДОРАКУНАНДАГОНИ ФОНДИ ИҚЛИМИ САБЗ. Дар Тоҷикистон нуҳ лоиҳа ва барнома татбиқ мегардад
Дар Ашт боғи интенсивӣ бо усули объёрии қатрагӣ ва боронӣ ташкил карда шудааст
Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Минбаъд 12 декабр Рӯзи кормандони мақомоти аудити давлатӣ таҷлил мегардад






