Дар Тоҷикистон ба 38 010 хоҷагии деҳқонӣ занони деҳот сарварӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ба 38 010 хоҷагии деҳқонӣ занони деҳот сарварӣ намуда, дар рушди соҳаи кишоварзӣ нақши босазо доранд. Нақш ва мавқеи занону бонувони деҳот дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри расидан ба зиндагии шоиста ва таъмини иштироки боз ҳам фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар баробари ин, занону бонувони чирадасти деҳот дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми шоиста дошта, армуғонҳои нодири ватаниро барои меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат омода ва пешниҳод менамоянд.
Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба хотири таъмини боз ҳам бештари иштироки фаъоли занони деҳот дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Бо мақсади таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии оилаҳои онҳо чандин хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои хурду калони саноатӣ ва кишоварзӣ, марказҳои хизматрасонии бонувон ва марказҳои ҳунармандӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Ҳамзамон бо мақсади ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб намудани занону бонувони деҳот аз соли 2006-ум инҷониб аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон грантҳои президентӣ таъсис дода шуда, ҳамасола шумораи зиёди занони деҳот дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ, ҳунармандӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулбурӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, кулолгарӣ ва ғайра аз ҷониби Комиссияи озмунии гранти президентӣ мавриди дастгирӣ қарор мегиранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






