Даври дувоздаҳуми Муколамаи ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр даври дувоздаҳуми Муколамаи ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, дар нишасти мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро сардори Шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказии Хадамоти аврупоии корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо Борис Ярошевич роҳбарӣ намуданд. Дар ҳамоиш ҳамчунин Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон, Сафири Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран ва Сафири Германия дар Тоҷикистон Андреас Протманн иштирок намуданд.
Рӯзномаи ҷаласа мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирифт: вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо пас аз муколамаи охирин ва дар давраи ҳамагирии COVID-19, озодии баён, аз ҷумла озодии ВАО, озодии иттиҳодияҳо ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, гирдиҳамоиҳои осоишта ва озодии эътиқод, озодии дин ва виҷдон, ҳуқуқи занон, аз ҷумла зӯроварӣ нисбат ба занон, шиканҷа, бадрафторӣ ва шароити нигоҳдорӣ дар маҳбасҳо. Ҳамчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби абзори бисёрҷониба, Барномаи умумии имтиёзи Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ва лоиҳаҳои дигари дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






