Деҳқонони Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб беш аз дурнамо пахта истеҳсол намуданд

Ноябрь 12, 2020 14:53

КӮЛОБ, 12.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони Ҷамоати  деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб дар кишту парвариши пахта таҷрибаи бой дошта, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ, додани нуриҳои минералию органикӣ, пошидани заҳрхимикатҳо бар зидди ҳашарот ва обмонӣ сари вақт тавонистанд ҳосили хуб ба даст оранд. Деҳқонони кооперативи тиҷоратии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати мазкур  аз майдони 964 гектар  2196 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, ки аз дурнамои истеҳсоли пахта зиёд мебошад.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, имрӯзҳо саҳмдорони хоҷагиҳо ба ҷамъоварии хосили боқимондаи пахта машғул буда, дар ин кор ба онҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони корхонаю ташкилоти шаҳри Кӯлоб  кумак мерасонанд.

Ҳоло дар саҳрои хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ҳосил фаровон буда, кишоварзон мақсад доранд ҳосили бо ранҷ парваридаашонро то кураки охирин ҷамъоварӣ намоянд. Зеро зиёда аз нақшаи дурнамо ҷамъоварӣ кардани ҳосил ба буҷаи хоҷагиҳо маблағи иловагӣ ворид намуда, ба некуаҳволии саҳмдорон ва бо ашёи хом  таъмин намудани корхонаҳои  саноатӣ мусоидат мекунад.

 

Ноябрь 12, 2020 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд