Деҳқонони Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб беш аз дурнамо пахта истеҳсол намуданд
КӮЛОБ, 12.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб дар кишту парвариши пахта таҷрибаи бой дошта, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ, додани нуриҳои минералию органикӣ, пошидани заҳрхимикатҳо бар зидди ҳашарот ва обмонӣ сари вақт тавонистанд ҳосили хуб ба даст оранд. Деҳқонони кооперативи тиҷоратии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати мазкур аз майдони 964 гектар 2196 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, ки аз дурнамои истеҳсоли пахта зиёд мебошад.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, имрӯзҳо саҳмдорони хоҷагиҳо ба ҷамъоварии хосили боқимондаи пахта машғул буда, дар ин кор ба онҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони корхонаю ташкилоти шаҳри Кӯлоб кумак мерасонанд.
Ҳоло дар саҳрои хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ҳосил фаровон буда, кишоварзон мақсад доранд ҳосили бо ранҷ парваридаашонро то кураки охирин ҷамъоварӣ намоянд. Зеро зиёда аз нақшаи дурнамо ҷамъоварӣ кардани ҳосил ба буҷаи хоҷагиҳо маблағи иловагӣ ворид намуда, ба некуаҳволии саҳмдорон ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ мусоидат мекунад.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






