Донишгоҳи давлатии Данғара макони баргузории мусобиқаҳои минтақавӣ гардидааст

Ноябрь 11, 2020 16:01

ДУШАНБЕ, 11.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Данғара байни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишгоҳи давлатии Данғара ва  Донишкадаи технология ва   менеҷменти инноватсионӣ  дар шаҳри Кӯлоб аз намуди волейбол мусобиқаи минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин бора  ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар мусобиқаи мазкур дастаи волейболбозони Донишгоҳи давлатии Данғара ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ҷойи  2-юм ва Донишкадаи технология ва   менеҷменти инноватсионӣ  дар шаҳри Кӯлоб ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.  Ба иштирокчиёни мусобиқа аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара туҳфаҳо тақдим гардида, ғолибон бо 400 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди варзиши касбӣ дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин баланд бардоштани маҳорати варзишии донишҷӯён ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олӣ равона гардидааст.

Бо мақсади татбиқ намудани Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   ҷалб намудани донишҷӯён ба ҳаёти солим раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара тадбирҳо андешида, донишҷӯёни донишгоҳро мунтазам ба  мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ҷалб менамояд.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ  аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара лавозимоти варзишӣ, аз қабили тӯбҳои волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз ва тӯри теннисбозӣ харида шудаанд.

Ноябрь 11, 2020 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад