«Формулаи сулҳ — нодиртарин дастоварде, ки Тоҷикистонро обрӯи байналмилалӣ бахшид»,-шарҳи матбуоти даврӣ

Ноябрь 19, 2020 13:42

ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯйдоду навигариҳое, ки дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат тӯли ҳафтаи равон ба вуқӯъ пайвастаанд, дар нашрияҳои даврии Тоҷикистон   бозтоб гардидаанд.

«Ҷумҳурият» — нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи душанбе, 16 ноябри соли 2020, №221 (24076) бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр дар саҳифаи аввал мақолаи  Аълочии  маориф ва илми Тоҷикистон Раҷабалӣ Санговро  таҳти унвони «Ҷашни фархундаи миллӣ муборак  бод!» нашр намудааст. Муаллифи мақола нигоштааст, ки «Президент  ҳамчун яке аз унсурҳои  муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллию давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву  бардавомии давлат ва мураттабии фаъолияти мақомоти  давлатӣ мебошад. Ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои роҳбариашон бо ҷасорату нотарсӣ ва далериву тавоноӣ на ин ки миёни ҳар шаҳрванди  Тоҷикистон, балки миёни дигар давлату  халқиятҳо низ шуҳрат  ва мақоми хосса доранд. Бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр гардидан ва бори дигар бо аксари  овози интихобкунандагон  ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон гувоҳи эътиқоду эътимоди  тамоми мардуми кишвар аст».

Дар ин шумора хонандагони нашрияи расмии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» имкон доранд ҳамзамон мақолаҳои «Рӯзи Президент –Рӯзи миллат», «Пешвои мо –ифтихори мо», «Вақте роҳбар хиради азалӣ дорад…», «Аз нуфузи ҷаҳонии Президент то нуфузи  ҷаҳонии миллат», «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ», «Эҳёгари  таърихи қадим ва бостон», «Формулаи сулҳ- нодиртарин дастоварде, ки Тоҷикистонро обрӯи байналмилалӣ бахшид», «Китобномаи Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон», ки ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд, мутолиа намоянд. Инчунин дар шумораи рӯзи  чоршанбе, 18 ноябри соли 2020, №222 (24077)  нашрияи «Ҷумҳурият» мақолаҳоро таҳти унвони «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ва шинохти арзишҳои давлатдорӣ», «КОНСТИТУТСИЯ-санаде, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон  пайваст», «Олимон дар мубориза бо Covid-19 қатронро 99,9 дарсад самарабахш мешуморанд», «Қарори 117. Чаро дар иҷрои он бемасъулиятӣ зоҳир мешавад?»  ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтмоии мамлакат ва ҷаҳон мунташир намудааст.

«Садои мардум» — нашрияи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи рӯзи душанбе, 16 ноябри соли 2020, №140 (4246) дар радифи хабару гузоришҳо аз фаъолияти Парлумони мамлакат, ҳамзамон ба ифтихори рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришу мақолаҳоро таҳти унвони «Садоқат ба Президент-садоқат ба миллат аст!», «Рӯзи Президент –рӯйдоди  бузургу  тақдирсоз дар таърихи миллат», «ПРЕЗИДЕНТ –кафили истиқлоли миллӣ» интишор намудааст. Ҳамзамон дар ин шумораи нашрияи парлумонии мамлакат  мақолаҳои вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таҳти унвони «Чаро иқлим тағйир меёбад?» ва «Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар…», ки ба Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бахшида шудааст, чоп гардидаанд, ки мутолиаи онҳо ба манфиат аст.

«Народная газета» — нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №48 (20278), чоршанбе, 18 ноябри соли 2020 дар баробари нашри Фармонҳо ва Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъйиноти кадрӣ дар сохтори Ҳукумати  мамлакат ҳамзамон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳоро таҳти унвони «День Президента –благодарность за свободу и независимость», «Судьбоносная ХVI сессия Верховного Совета», «Президентами не рождаются», «Фундамент мира и национального согласия был заложен на судьбоносной сессии», «Государственный флаг –лицо страны» интишор кардааст.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон /ХХДТ/  дар шумораи 18 ноябри соли 2020, чоршанбе, №47 (1288) дар радифи чопи хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ, ҳамчунин доир ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабару гузоришҳо ва мақолаҳои хонданбоб нашр намудааст, ки «Бо Пешвои худ ифтихор дорем!», «Нақши Пешвои миллат  дар рушди фарҳанги миллӣ», «Меъмори сулҳу ваҳдат», «Президент ва ҷомеа», «Заминагузори ваҳдати миллӣ» аз ҳамин қабиланд.

Инчунин ҳайати эҷодии нашрияи  марказии ҲХДТ дар ин шумора мақолаҳоро таҳти унвони «Донишманде аз Дарморахт», «Ҷои ӯ дар дида буд», «Зарурати рушди фанҳои дақиқ», «Ҳақорат дар ҷодаҳои шаҳр-бефарҳангӣ ё одат», «Ғизои хуб- таҳкимбахши саломатии инсон»  ва дигар хабару гузоришҳоро аз фаъолияти ҲҲДТ ҷой  додаанд.

Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 19, 2020 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТО ТАВОНӢ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН». Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши илмию амалӣ дар шаҳри Самарқанд иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Тақдими китоб яке аз ташаббусҳои неки Президенти Тоҷикистон мебошад
Дар Тоҷикистон 1160-солагии файласуф ва олими маъруфи тоҷик Абубакри Розӣ таҷлил карда мешавад
Дар ноҳияи Вахш даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҷашн гирифта мешавад
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе фестивал ва намоиш- фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ доир мегардад
Дар Душанбе дар мавзуи аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии осори Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиш баргузор шуд
1045-СОЛАГИИ ФАРЗАНДИ НОМВАРИ ТОҶИК, ДОНИШМАНД, ФАЙЛАСУФ ВА ТАБИБИ МАШҲУРИ ОЛАМ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО. Ба ин муносибат дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
Моҳи март дар Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзиву зардӯзии чаканӣ баргузор мешаванд
Ҳунармандони Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ ба Тоҷикистон меоянд
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Исфара даври шаҳрии фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор шуд