ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ба тамринҳо шурӯъ намуд
ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол зимни омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи чемпионати Осиё ҷамъомади омӯзишиву тамринӣ оғоз намуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷамъомади омӯзишиву машқии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон то 26 ноябр идома меёбад ва сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев барои иштирок дар он 26 бозингарро даъват кардааст, ки аз онҳо 3 кас дарвозабон, 8 кас муҳофиз, 10 кас ниммуҳофиз ва 5 кас ҳамлагар мебошанд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи чемпионати Осиё байни наврасон, ки ба соли дигар гузаронида шуд, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» муқобили ҳамсолони худ аз кишварҳои Уммон, Яман ва АМА бозӣ мекунад. Санаи дақиқи баргузории мусобиқа то ҳол муайян нашудааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 16-соли Тоҷикистон (U-16) барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сӯҳрбхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»);
Муҳофизон: Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Ниммуҳофизон: Алиҷони Айнӣ, Бежан Нишонбойзода, Хусрав Тоиров, Меҳрубон Каримов, Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Муҷовид Шовайсудинов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»),
Ҳамлагарон: Муҳаммадворис Саидалиев («Соро компания»), Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода (ҳама аз«Локомотив-Помир»).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.








Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд






