Иҷлосияи 32-юм ва Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ба таври онлайн ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 4 ноябр Иҷлосияи 32-юм ва Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ тариқи бархат (онлайн) баргузор гардида истодааст, ки дар он муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода иштирок намуда, сухан гуфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.
Дар конфронси мазкур масъалаҳои таъмини амнияти устувори озуқаворӣ ва ғизо тавассути ислоҳоти институтсионалӣ, таҳкими иқтидор ва дастгирӣ барои таҳия ва татбиқи сиёсати амнияти миллии озуқаворӣ, истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва эҷоди устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, таъмини самаранокии устувори кишоварзӣ ва рақобатпазирӣ муҳокима шуданд.
Дар ҷараёни он мавзӯи «Роҳҳои ҳалли фаъолият барои ҷавонон, шуғл ва рушд дар минтақаҳои деҳот дар робита ба Даҳсолаи хоҷагидории оилавии СММ» мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.
Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) форуми расмӣ буда, дар он вазирони кишоварзӣ ва мақомоти баландпояи давлатҳои аъзои СММ (ФАО) ва як минтақаи ҷуғрофӣ сухан мегӯянд.
Ҳадаф аз баргузории чунин Конфронси минтақавӣ таҳияи ҳамоҳангии масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар сиёсати кишоварзӣ, мушкилот ва масъалаҳои афзалиятноки марбут ба бехатарии озуқаворӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Дар ҷараёни баргузории конфронс иштирокдорон ба мувофиқа расиданд, ки Конфронси сатҳи баланди навбатии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) моҳи июли соли 2021 баргузор карда шавад ва ташаббуси «Даст ба даст»-и СММ (ФАО) дар чорабинии мазкур пешниҳод ва мавриди муҳокима қарор дода шавад.








Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






