Иқтидорҳои табиӣ ва экологии Бадахшон омили рушди туризми экологиянд,- бардошт аз ҳамоиши «Помир-Боми ҷаҳон»

Ноябрь 12, 2020 11:42

ДУШАНБЕ, 12.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Помир-Боми ҷаҳон»- таҳти чунин унвон дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази маъмурии Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ ҳамоиши илмии сайёҳӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии Бадахшон баргузор гардид.

Ҳамоиш бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Бадахшон  ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди сайёҳӣ дар вилоят гузаронида шуд.

Дар ҳамоиш, ки муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ва муовини Раиси  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Имматшозода иштирок доштанд,  иқтидорҳои табиӣ ва экологии Бадахшон ҳамчун омили рушди туризми экологӣ баррасӣ гардиданд.

Бадахшон бо табиати зебою нотакрор, олами бои набототу ҳайвонот, чашмаю рӯдҳои серобу мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, ки бо номи «Боми ҷаҳон» машҳуранд, таваҷҷуҳи  сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

Ин аст, ки ҳар сол садҳо нафар сайёҳон барои тамошои табиати нотакрор ва қуллаҳои осмонбӯс ба Бадахшон омада, мафтуни як гӯшаи зебои Тоҷикистон мегарданд.

Ноябрь 12, 2020 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад