Имконоти сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи Тоҷикистон аз ҷониби Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии маҷозӣ байни вазорату идораҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди сармоягузории Арабистони Саудӣ (PIF) ва ширкати энергетикии ACWA POWER – и он кишвар баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шараф Шерализода ва ҳайати Арабистони Саудиро мудири иҷроии Бунёди сармоягузории Арабистони Саудӣ Язид Ал-Ҳумайид роҳбарӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ имконоти сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи Тоҷикистон муаррифӣ гардида, масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду давлат баррасӣ шуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид






