Имзои санади ҳамкорӣ байни МОИ «Кӯлоб» ва «Korean Smart Technology Association»
ДУШАНБЕ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Байни Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Korean Smart Technology Association»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Интизор меравад, ки дар заминаи санади мазкур ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сармояи кореягӣ ҷиҳати ташкили технопарки муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҷалб карда шавад.
Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, санади мазкур дар ҷараёни вохӯрии роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва «Данғара» бо ҳайати сармоягузорону соҳибкорони Ҷумҳурии Корея, ки дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир гардид, ба имзо расонида шуд. Ҳадафи вохӯрӣ тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни бахши хусусии ду давлат, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт мебошад.
Аз ҷониби масъулини Кумита ба иштирокчиёни ҷаласа рӯнамо оид ба имконоти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорони Корея пешниҳод карда шуд. Инчунин аз сӯи маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва «Данғара» имконияти сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории онҳо муаррифӣ гардида, аз ҷониби кореягӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






