«Милитсия — ҳомии Ватан»- таҳти ин унвон мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд

Ноябрь 3, 2020 09:56

ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 24 ноябр бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик таҳти шиори «Милитсия — ҳомии Ватан» мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футболи хурд, шашка, шоҳмот ва тенниси рӯи миз  баргузор мегарданд. Дирӯз, 2 ноябр  дар маҷмааи  Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусобиқаҳои мазкур оғоз гардида, дар онҳо варзишгарон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони дигар корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ  иштироку  қувваозмоӣ менамоянд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо «Ҷом», «Ифтихорнома», «Сипоснома», «Раҳматнома» ва дигар туҳфаҳои хотиравии  вазорат қадрдонӣ карда мешаванд.

Бо иқдоми роҳбарони ВКД дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста  чунин мусобиқаҳои варзишӣ, ки барои рӯҳану ҷисман солиму бардам  гардидани  онҳо мусоидат менамоянд,  гузаронида мешаванд.  Зеро тану ҷони солим, бозувони пурқуввату чусту чолокии хосса имкон медиҳад, ки  корманди милиса  ба иродаву тавоноии худ боварӣ ҳосил намуда, дар пешгирии содиршавии ҷиноят бо ҳар ҷинояткори хавфнок муқобилият нишон дода, ӯро безарар гардонад.

Ёдовар мешавем, ки 10 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи милитсия таҷлил карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханронии худ дар ҷашни таъсиси милитсия фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро ҳамчун намунаи ибрат барои дигар сохторҳо арзёбӣ намуда, дар муроҷиат ба кормандони милитсия чунин изҳор дошта буданд: «Ман аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халқи худ адо менамоед. Зеро милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад».

Ноябрь 3, 2020 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд