ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва дар баландкӯҳҳо барф меборад
ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12-15 ноябри соли равон бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки сард аз самти минтақаҳои шимолу ғарбӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда, дар водиҳо борон (14 ноябр рӯзона бо гузариш ба барфи тар), дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Дар баландкӯҳҳо барф борида, 12 ноябр бо истисно аз ВМКБ дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар аст. 13 ноябр бориши шиддатнок асосан дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ дар назар дошта шудааст. Ҳангоми воридшавии анбӯҳи ҳавои сард пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа пешгӯӣ мешавад. 13-14 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боридани борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат боридани он дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳои ҷанубии вилоят чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






