Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни паҳлавонони маъруфи тоҷик муайян шуданд

Ноябрь 16, 2020 09:56

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 / АМИТ «Ховар» /. Аз 13 то 15 ноябри соли равон дар Маҷмааи варзиши обӣ ва Қасри тенниси шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо байни паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бора  аз  Федератсияи  дзюдои  Тоҷикистон ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони   Қурбон  хабар доданд.

Дар вазни — 60 кг рақобатҳо пуршиддат баргузор шуда, Сарвар Абдушакуров ва Абумуслим Қаюмзода ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Сарвар Абдушукуров, ки шаҳри Душанберо намояндагӣ мекунад, дар даври аввал Идибеки Амиршоҳро мағлуб кард. Дар вохӯрии дуюм Сарвар бар Абдураҳим Назаров дастболо шуд. Рақиби сеюми ӯ варзишгари  пойтахт Иброҳим Абдуллоев ба шумор мерафт. Сарвар бар ин ҳарифаш ҳам пирӯз гардид. Дар даври чорум узви дастаи Душанбе 1 – Муҳаммадсолеҳ Қувватовро низ шикаст дода, ба финал баромад.   Дар марҳилаи ниҳоӣ   бо Абумуслим Қаюмзода, ки ӯ низ дар марҳилаҳои муқаддамотӣ ҳарифони худро аз дастаҳои Хатлон 1, Душанбе ва Душанбе-1 мағлуб намуд, қувва санҷид. Дар ин қувваозмоии бисёр ҳам ҳассос Абумуслим Қаюмзода дастболо гардида, соҳиби нишони тилло гардид.

Барои медалҳои биринҷии вазни 60 кило Сиёвуш Ғафоров бо Саъдӣ Собирзода ва Муҳаммадризо Қувватов бо Муҳаммадсолеҳ Қувватов мубориза бурданд. Дар натиҷа Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Саъдӣ Собирзода медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки мақомҳои ифтихории ин вазнро варзишгарони шаҳри Душанбе гирифтанд.

Дар вазни 66 кг низ сабқатҳо ҷолиб сурат гирифтанд. Ба финали ин вазн намояндаи Душанбе — Муҳаммадисо Раҷабов ва узви дастаи Хатлон — 2 Баҳром Суфиев баромаданд. Муҳаммадисо дар марҳилаи аввал гӯштингири вилоти Суғд, дар даври дуюму сеюм   паҳлавонони  шаҳри Душанбе ва дар маҳилаи чорум варзишгари ВМКБ-ро мағлуб  сохт. Баҳром Сӯфиев ҳам чаҳор нафар ҳарифи худро аз пойтахт мағлуб намуда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Рақобат миёни ҳарду паҳлавонҳо   пуршиддат ҷараён гирифта, ба суди Баҳром Сӯфиев хотим ёфт. Дар даври тасаллобахши вазни 66кг Ҷамшеди Нуралӣ бо Масъуди Аҳмадзод ва Алиҷон Сафаралиев бо Фурқат Муборакқадамов қувваозмоӣ карданд. Дар ин сабқатҳо Масъуди Аҳмадзод ва Фурқат Муборакқадамов ғолиб омада, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд. Ҳамин тавр, Баҳром Сӯфиев аз дастаи Хатлон-2 дар вазни 66 кило чемпиони Тоҷикистон гардид.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо 

-73 кг

  1. Наҷмуддинов Муҳаммадшариф
  2. Шукронов Қоим
  3. Муҳаммадиқбол ва Боқиев
  4. Боқиев Алӣ

Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо

-81 кг

  1. Ҳақназар Назаров
  2. Оламафрӯз Абдураҳмонов
  3. Раҷабов Ҳамроз
  4. Расулов Умар

Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо

-90 кг

мардон

Ҷаҳонгир Маҷидов

Комрон Карликов

Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо

Мардон

-100 кг

  1. Насимов Фирдавс
  2. Шерхонов Носир
  3. Раҳмонов Мансур
  4. Анварзода Эмомризо

Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо

Мардон

+100 кг

  1. Хуршед Маҷидов
  2. Тоҳиров Толибҷон
  3. Бобоев Бобоҷон
  4. Камолов Умед

Чемпионати Тоҷикистон оид ба  дзюдо

Бонувон

-57кг

  1. Аҳлия Муъминова
  2. Шукрона Қарчиева
  3. Шакаршоева Ватансултон
  4. Қурбоналлиева Ҷаннатхон

Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо

Бонувон

-70 кг

  1. Шоҳида Қаландарова
  2. Фазилат Гулбоева
  3. Гулафзо Гулова
  4. Мавлуда Одинаева
Ноябрь 16, 2020 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд