«ПИСТАИ БЕМАҒЗ АГАР ЛАБ ВО КУНАД…». Андешаҳои шаҳрвандон нисбат ба видеои ронандаи кирокаши қонуншикан
ДУШАНБЕ, 26.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз қабл собиқ рӯзноманигор ва ҳоло ронанда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки ба таври ғайриқонунӣ ба кирокашии мусофирон машғул мешуд, дар саҳифаи худ дар «Фейсбук» аз ҷаримаи кормандони БДА шикоят бурда, ғаразмандона эҳсоси разилонаи хешро нисбат ба сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакат баён дошт. Аксари шаҳрвандони кишвар ин рафтори пур аз буғзу кинаи шахси нотавонбинро маҳкум намуда, ба ҳар шакл тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои хешро изҳор доштаанд.
Хонандагони рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ ба видеои ғаразноки А. Пирмуҳаммадзода ҷавоб навиштаанд, ки чанде аз онҳоро манзури хонандагон мегардонем.
ШИКОЯТ Ё МАЛОМАТ?
Чанд рӯз аст, ки ғаразномаи як ронандаи кирокаш Абдусаттор Пирмуҳаммадзода расонаҳои ба ном «озод» ва минбари мухолифони валвалапардозро «тасхир» кардааст. Ӯ мисли расонаҳои ҳангомаҷӯ ва мухолифони бадандеш як ҳолати ҷузъиро ба мушкилот табдил дода, ғаразу кинаи доштаашро ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати кишвар иброз доштааст.
Дар аввал, вақте ронанда аз мушкили ҷаримабандӣ ҳарф мезанад, фикр мекунӣ, ки ӯ бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳояш дар кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ танҳо мехоҳад як мушкили иҷтимоиро ба Президенти мамлакат расонад. Аммо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз масъалаи асосӣ берун баромада, дарҳол аз роҳбарияти олии мамлакат бо эҳсос домангир мешавад, ки гӯиё ғамхорӣ намекардаанд. Магар, ин аз рӯи адолат аст, ки Президенти кишвар шабу рӯз барои беҳбудии зиндагии мардум заҳмат ва талош менамоянду рифоҳу осудагии халқи Тоҷикистонро вазифаи муқаддаси худ медонанд, сари масъалаи кӯчак, ки марбути як ниҳодест сӯяш санги маломат занӣ? Дар гӯшаю канори дигари олам магар чунин масъалаҳои иҷтимоӣ ҷой надоранд?
Бо вуҷуди ин, агар ронандаи кирокаш дар муроҷиати видеоияш ба Ҷаноби Олӣ масъалаи гаронии ҷарима ё дахолатҳои инсониро дар мақомоти давлатӣ беғаразона ба миён мегузошт ва хоҳиши ҳалли онро мекард, боке набуд. Бо боварӣ, ҳар тоҷику тоҷикистонӣ, пеш аз ҳама, худи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдориаш менамуданд.
Худ қазоват кунед, агар Президенти кишвар дар фикри мардум намебуданд, ҳеҷ гоҳ дар сомонаи расмии хеш барои муроҷиати шаҳрвандон бахши махсуси арзу шикоятро боз намекарданд ва сомонаю рӯзномаҳои давлатӣ, бавижа рӯзномаи «Ҷумҳурият», дар мавриди арзу доди мардум матолиб нашр наменамуданд ё Ҷаноби Олӣ ба назди мардум ба шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати шунидани арзу доди онҳо сафар намекарданд. Худ биандешед, магар ронандаи муҳтарам, боре дастаҷамъона бо ронандагони дигар дар хусуси гаронии ҷарима тариқи сомонаи Президенти ҷумҳурӣ шикоят карда буд, ки ба доди ӯ нарасидаанд?
Мо ҳам дарк мекунем, ҳар масъалае, ки боиси нигаронист, ба мақомоти салоҳиятдор расонда шавад, то дар ҳалли он чораҳои зарурӣ биандешанд. Вале на бо кинаситезию ҳангомаҷӯӣ мисли ронанда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода. Зеро, бо пеш омадани як мушкили ҷузъӣ ё шахсӣ сарфи назар кардани ҳама ғамхорию хизматҳои Сарвари давлат ҷуз кӯрнамакию бешарафӣ чизе беш нест. Агар мисли Ҷаноби Олӣ баҳри халқ ҷонфидоӣ карда наметавонем, ҳадди ақал барояшон шикояти беғараз кунем ва дар ҷавоби ғамхориҳояшон санги маломат назанем.
Ташрифуллои САЪДУЛЛО,
рӯзноманигор
(«Ҷумҳурият», 24.11.2020)
БО ЭҲСОСИ МАРДУМ «БОЗӢ» НАКУНЕД, БАЛКИ…
Ҳамватани гиромӣ Абдусаттор, аз эътирозатон бисёр нороҳат шудам. Чун шумо як нафар рўзноманигори солҳо дар ВАО – и тоҷик кору фаъолиятнамуда наход аз минбар (бе профессионализм) чунин баромад кунед?! Канӣ таҷрибаи солҳо андўхтаатон?
1.Нахуст дар баромадатон, аз аввал то охир ҳисси бадбинӣ ва нафрат нисбат ба давлату Ҳукумат эҳсос мешавад.
2.Агар рўзноманигори касбӣ мебудед, масъалаи ҷаримабандии воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла таксиҳоро, таҳлили дуруст мекардеду аз мақомотҳои ваколатдор ҳалли онро талаб ва худ низ назаратонро нисбат ба ҳалли ин масъала пешниҳод менамудед. Чунин як масъалаи ҷузъӣ ба оне, ки гўё Сарвари давлатамон ғами мардумро намехўранд, чӣ иртибот дорад? Бисёр иштибоҳ кардед! Дар Рўзи Президент ба нафароне, ки шуморо бо ин рўз шодбошу таҳният гуфтанду шумо посухе надодед, аз кинаву адовататон буд?! Охир, Рўзи Президент – Иди миллат, иди давлатдории миллӣ аст, ки имрўзҳо бо кушишҳои зиёди Сарвари давлатамон миллати тоҷик арзи ҳастӣ дорад.
Ин ҷо мо низ агар ба ҷузъиёт диққат диҳем, гуфтан мумкин аст, ки арзиши 580 сомонӣ ҷарима кардани нафаре, ки ғайриқонунӣ фаъолият мекунад, ночиз аст. Агар нархи ҷаримабандӣ аз ин камтар бошад, шумораи нафарони ғайриқонунӣ фаъолияткунанда боз ҳам зиёд мешавад. Яъне, ҷаримабандӣ ба хотири пешгирии қонуншиканист. Аз ин рў, фаъолиятатонро ба қонунгузорӣ мутобиқ намоед, на ин ки аз минбари баланди рўзноманигорӣ шикояти ҳангомаомез анҷом диҳеду гўё ба ин тарзи муносибат ба афкори ҷомеа аз худ таъсире гузоред. Шумо бояд хуб дарк кунед, ки дар кишварҳои рў ба тараққӣ ба амал омадани чунин мушкилот табиист. Вале, ба ин гуна масъала на он тавре ки «аз паша фил сохтан», балки бо касбият ва хирад назар кард. Махсусан, ҳоло дар давраи пандемия ва буҳрони иқтисодӣ бо эҳсоси мардум «бозӣ» кардан аз оини ҷавонмардӣ нест ва мутаассифам, ки шумо ба ин амал даст задед. Худ дар баромади видеоӣ мегўед, ки аз дастархони падари некном нони ҳалол хўрдаву бузург шудаед ва соҳиби маълумоти олӣ гардидаед. Агар ин гуна мебуд, пас шумо меандешидед, ки падаратон дар ҳаёт мебуданд, ба ин амалатон чӣ гуна баҳо медоданд?! Ба ин хотир, мегўям, биёед ҳама дар канори ҳамдигар барои ободию пешрафти кишварамон бикўшем, то он муқтадиру тавонотар гардад. Он гоҳ ҳамаи мушкилот ҳал хоҳад шуд.
Ва умуман, дар тамоми дунё ҳар ки қоидаро вайрон кард, ҷарима мешавад. Шумо, ки ҳамкасби мо ва соҳибмаълумотед, ҳатман аз амалкарди худ пушаймон ва хиҷолатзада мешавед, зеро худ медонед, ки ҳақиқат на ҷониби шумост!
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,
зодаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ
(«Ҷумҳурият», 26.11.2020)
РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТ БА ҲАМААМОН МУБОРАК БОШАД!
Шоир ва рўзноманигор Абдулқодири Раҳим дар яке аз ёддоштҳояш овардааст: Хавф таҳдид мекард, ба ҳар соат таҳдид мекард. Хавфи одӣ набуд, хавфи парокандагии миллату давлат ва аз миён рафтани фарҳанги волои он буд. Саранҷом фитнаҳо дарҳоро шикастанд. Хун рехта шуд. Сарвари вақти давлат имзои истеъфои худро гузошт ва фирор намуд. Ҷонибҳо дар даст силоҳ бо ҳам ба ҷанг бархостанд. Бародарон дар симои ҳамдигар душманони ҷону имону ақидаро диданд. Садоҳои тир бо гиряҳои кўдакон омехт. Хонаҳо сўхтанду хароб гардиданд. Мардум бо даҳшатзадагӣ фирор кард. Чароғҳо хомўш шуданд. Бар ҷои базму тараб ғаму мотам омад. Гўристонҳо пур аз кўдакону ҷавонон шуданд…
Рўзи Президент ба ҳамаамон муборак бошад!
Ҳар рўзамон бояд рўзи Президент бошад! Шукр бояд кард, ки ин марди Худо болои сари миллати тоҷик омад. Он рўзҳо фаромўш нашудаанд. Бенизомӣ, бетартибӣ, гуруснагӣ, қаҳтӣ, бебарқӣ, иғвоангезӣ, маҳалгароӣ… Калимаи тоҷик қариб шунида намешуд. Кўлобӣ, ғармӣ, помирӣ, ленинободӣ, орҷоникидзеободӣ, «вовчик», «юрчик»… Миллат қариб, ки фаромўш шуда буд. Аз гуфтани тоҷик ё аз кадом маҳал будан ҳарос дошт мардум. Саҳар ба кор мерафт, бегоҳ ба хона баргаштанашро касе кафолат намедод. Ё худ соатҳои дароз дар навбати нон истоданро фаромўш кардед? Дар деҳа мардум бо чароғ ё фонус шабро рўз мекард. Шаб тирезаҳоро мепўшонданд, ки равшанӣ намудор набошад. Шукри ин марди Худо, имрўз барқи тоҷик хориҷи кишварро равшанӣ дорад. Шукри Худои бузург он рўзҳо гузаштанд. Ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Рўзи Президент ба ҳамаамон муборак бошад!
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, нафаре, ки чанд вақт боз бо як навори иғвоангезонаю маҳалгароӣ дар интернет пайдо шудааст, «мушкилӣ»-и мардумро ба мақомот расонданӣ аст. Мушкил дар худат аст Абдусаттор. Ягон нафарро беҳуда ҷарима намекунанд. Бояд барои мусофиркашонӣ иҷозатнома ва патенти хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт ва, ҳамзамон, бояд дар ягон ҷамъияти мусофирбар ба қайд гирифта шуда, рақамҳои махсуси зард ва намуди ягонаи таксӣ дар пойтахтро дошта бошӣ. Он вақт касе туро ҷарима намекунад. Бо ёрдами бародарон соҳиби мошину хона шудӣ, зўри бародарҳо ба гирифтани иҷозатнома намерасад?
Ин як иғвое беш нест, ки гўё барои ваҳдатӣ будан аз кор меронанд. Ман ҳамчун зодаи шаҳри Ваҳдат 21 сол мешавад, дар идораи давлатӣ кор мекунам. Ягон вақт на аз тарафи роҳбарият, на аз тарафи ҳамкорон ягон сухан аз маҳалгароӣ нашунидам. Ёрдамчиҳои Президент ба идораи мо ҳам ташриф меоранд, дар сафарҳо ҳамроҳем, лекин ягон нафарро аз рўи маҳалаш аз кор нарондаанд. Танҳо ҳамон нафарони нокораву танбалу бесаводро аз кор ҷавоб медиҳанд. Маҳалгароӣ ва фитнаангезии аввали солҳои 90-ум кишварро ба чӣ рўз овард? Оё ҳамон вақт нон ба серӣ мехўрдӣ? Дар кўча озод мегаштӣ?
Рўзи Президент ба ҳамаамон муборак бошад!
Шумо боз аз маҳалгароӣ сухан карда, ваҳдатӣ мегўед. Як бор Ваҳдати имрўзаро бо Кофарниҳон ё Орҷоникидзеободи солҳои 90 — ум муқоиса кунед. Ҳамчун шаҳрванди шукргузор хулоса бароред.
Наход Президент ё Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар ба ҳар нафар иҷозатнома ё патент бурда диҳанд. Ё дасти ҳар таксистро гирифта, қоидаи ҳаракати роҳ омўзонанд.
Сафари охироне, ки Ҷаноби Олӣ пеш аз интихоботи президентӣ ба шаҳри Ваҳдат доштанд, тамошо кардӣ? То Ромит рафтанд, бо чархбол не, бо мошин. Агар шаҳри Ваҳдату ваҳдатиҳо дар назари ёрдамчиҳои Президент ё ба қавли шумо «мақомот» нокора мешуданд, Сарвари давлатро намегузоштанд, ки бо мошин то Ромит раванд.
Ба ҷойи хулоса суханони модареро аз шаҳри Турсунзода бо номи Почо Шабунова меорам:
— Рўзҳои сангинеро, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, яъне то сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон аз сар гузарондем, ҳеҷ гоҳ аз хотир бароварда наметавонем. Модарон фарзандонашонро аз даст дода, ранҷу азоби зиёд кашиданд. Гуруснагӣ, саргардонӣ, тарсу ҳарос, ноумедӣ он замон ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Мардум ҳатто дар кўчаҳо озод гаштугузор карда наметавонистанд. Ў нафарест, ки ба ин ҳама нуқта гузошт. Ба мардуми тоҷик сулҳ, ободиву озодӣ овард. Ба шарофати ў рўзҳои сангин паси сар шуданд. Дигар дар кўчаҳо ҳаросон қадам намезанем, барои як бурда нон соатҳо навбат намепоем, зеро акнун Пешвои ғамхор дорем. Ў наҷотбахши мост!
Рўзи Президент ба ҳамаамон муборак бошад!
Фирўзи АЛИШЕР,
(«Ҷумҳурият» 26.11.2020)