Доктор Ораш Алоӣ, роҳбари Институти байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқоти ИМА: Тоҷикистон дар бобати пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 назар ба давлатҳои монанди худ беҳтарин ҳисобида мешавад
ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 назар ба давлатҳои монанди худ беҳтарин ҳисобида мешавад. Зеро Ҳукумати ин мамлакат дар нахустин лаҳзаҳои ба қайд гирифтани бемории коронавирус ҳудудҳои худро бо дигар давлатҳо баст, фаъолияти тарабхона ва меҳмонхонаҳоро қатъ кард, мардум дар кӯчаҳо бо ниқоби тиббӣ гаштугузор менамуданд, ки ин аз барномаи хуб доштани ин давлат дарак медод. Ин нуктаро директори Институти байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқоти ИМА доктор Ораш Алоӣ дар Душанбе зимни ҳамоиш оид ба инъикоси масоили вобаста ба бемории COVID- 19, ки бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ доир гардид, иброз дошт.
Сабаби дигари ин ҳолатро Ораш Алоӣ ба он рабт дод, ки 80 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ намуда, аҳолии шаҳр камтар мебошад ва дар деҳот мардум бештар дар фазои кушод аз боду ҳавои тоза нафас мегиранд, ки ин яке аз омилҳои асосии камтар ба бемории коронавирус гирифтор шудани аҳолӣ мебошад.
Доктор Ораш Алоӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳоло шумораи нафароне, ки дар кӯчаҳо бе ниқоби тиббӣ мегарданд, зиёд ба назар мерасад. Инчунин бо омадани фасли сармо мардум дару тирезаҳои утоқҳои корӣ ва хонаҳоро пӯшида, ҳароратро аз 18 дараҷа зиёд мекунанд, ки инҳо сабаби авҷ гирифтани бемории COVID- 19 шуда метавонанд.
Аз ин рӯ номбурда тавсия медиҳад, ки бояд аҳолӣ дар фасли сармо ҳарорати утоқҳоро аз 18 дараҷа зиёд накунанд, тез-тез ҳавои хонаро тоза намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд ва дар ҷойҳои серодам ҷамъ нагардида, масофаи иҷтимоиро риоя намоянд.
Ёдовар мешавем, ки доктор Ораш Алоӣ, ки дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунад, ба ҷомеаи тиббии Тоҷикистон хуб шинос аст. Чанд сол аст, ки ӯ ҳамчун коршиноси байналмилалӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






