Театри Тоҷикистон тамошобинони Россияро ба ваҷд овард
ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои истироҳатии гузашта-14-15 ноябр, дар саҳнаи Театри академии драмавии русии ба номи Г. Константинови шаҳри бостонии Йошкар-Ола (Россия) ду намоиши Театри давлатии драмавии Душанбе ба номи В.Маяковский ба тамошобинон пешкаш карда шуд.
Рӯзи шанбе тамошобинони пойтахти Ҷумҳурии Марий Эл фоҷиаро аз рӯи пйесаи В.Шекспир «Ҳамлет» ва рӯзи якшанбе мазҳакаи Ж.Б. Молйер — «Тартюф» -ро тамошо карданд.
Пештар спектаклҳои театри Маякоскийи Душанбе дар саҳнаи Театри вилоятии ордени Байрақи Сурхи Меҳнатдори ба номи Киров намоиш дода мешуданд. Сафари эҷодии театри Тоҷикистон ба шаҳрҳои Россия дар доираи барномаи “Сафарҳои бузурги эҷодӣ” сурат гирифт.
Тавре директори Театри драмавии русии Душанбе, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мунира Дадаева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, намоишҳои ҳунармандон дар толорҳои пур аз тамошобинон сурат гирифтанд. Дирӯз вай дар саҳифаи Фейсбуки худ ба тамошобинони Россия «барои истиқболи гарм» изҳори миннатдорӣ кард.
Тавре хабарнигорони мо қаблан иттилоъ дода буданд, имрӯз дар театри Et Cetera -и Москва фестивали 2-юми театрҳои хориҷии русӣ ифтитоҳ меёбад. Ба барномаи фестивал намоиши Театри давлатии драмавии русии Душанбе ба номи В.Маяковский «Ҳамлет» низ шомил шудааст. Коргардони басаҳнагузорандаи он Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Баҳодур Миралибеков мебошад.
ДАР АКС: коргардони калони театри драмавии русии Душанбе Баҳодур Миралибеков ва муовини директори театр Гулнора Аҳмадова ҳангоми қабули табрикот. Аксҳо аз манбаъҳои озод.








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






