Тоҷикистонро сайёҳон бо ливои миллиаш мешиносанд,-бардошт аз ҳамоиш ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ

Ноябрь 23, 2020 11:29

ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти унвони «Парчами миллӣ — ливое, ки сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро бо он мешиносанд», бо иштироки кормандони Кумита ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода зикр кард, ки Парчами миллӣ — ливоест, ки сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро бо он мешиносанд ва Парчами давлатӣ ифтихор ва шарафи миллати тоҷик аст.

Зикр гардид, ки дар хатсайрҳо ва барномаҳои ширкатҳои сайёҳии ватанӣ тамошои Парчами миллӣ, ки дар маркази шаҳр — дар Боғи Парчами миллӣ воқеъ аст, ҷой дода шуда ва он таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб менамояд.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба аҳамияти Парчами миллӣ дар муаррифии соҳаи сайёҳии мамлакат табодули назар намуданд.

Ноябрь 23, 2020 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд