Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҷаласаи 35-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ ширкат варзид

Ноябрь 19, 2020 17:40

ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 ба шаҳри Душанбе мақоми «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» дода мешавад. Ин нукта 18 ноябр дар ҷаласаи ХХХV Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ, ки ба таври онлайн баргузор шуда, Тоҷикистонро дар он Вазири фарҳанги мамлакат Зулфия Давлатзода намояндагӣ намуд, баён гардид.

Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Вазири фарҳанги мамлакат  Зулфия Давлатзода доир ба пурзӯр шудани мубодилаи фарҳангии кишварҳо, ҷараёни Барномаи тадбирҳои асосии ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2020, таҷлили 75-умин солгарди Ғалабаи бузург, омодагии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба мақоми «Пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021» сухан гуфт.

Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Озарбойҷон, Беларус,  Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Осорхонаи миллии таърихии Ҷумҳурии Беларус, Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинс, Кумитаи байналмилалии Делфӣ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҷаласа оид ба имкони баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «ART EXPO» -и кишварҳои узви ИДМ дар солҳои 2020-2022 ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи ҳамкории фарҳангӣ эълом карда шуд. Инчунин зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии башардӯстонаро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд, ташаббусҳо ва лоиҳаҳои назаррасро дар соҳаи фарҳанг фаъолона таблиғ ва дар амал татбиқ менамояд, ки ба пур кардани ҳамкории фарҳангӣ дар фазои Иттиҳод равона карда шудаанд.

Намояндагони кишварҳои Иттиҳод бо назардошти ҳолатҳои пандемия ба татбиқи Барномаи «Чимкент — Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2020» баҳои мусбат доданд. Ҳамчунин иштирокчиёни ҷаласа лоиҳаҳои Консепсияи Осорхонаи виртуалии мероси фарҳангии кишварҳои ИДМ ва Нақшаи тадбирҳои асосии таъсис ва рушди Осорхонаи виртуалиро ба таври умум маъқул дониста, тасмим гирифтанд, ки лоиҳаи Низомномаи осорхонаро таҳия кунанд. Гуфта шуд, ки дар сайти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод дар асоси пешниҳодҳо сафҳа (бахш)-ҳои осорхонаҳо, ки дар веб-маъхазҳои худ нигораҳои виртуалӣ доранд (cis.minsk.by/museums), ташкил карда шудаанд.

Ҳамчунин аъзои Шӯро масъалаҳои ҳамкории байналмилалии донишгоҳҳои санъати давлатҳои аъзои ИДМ, ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифз ва барқароркунии мероси хаттӣ, оммавӣ гардонидани фарҳангҳои миллӣ ва якчанд масъалаҳои дигарро баррасӣ намуданд.

Дар интиҳои ҷаласа қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои Иттиҳод соли 2021 дар Ҷумҳурии Беларус дар доираи раёсати он дар ИДМ баргузор шавад.

Ноябрь 19, 2020 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид