Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Испания гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкории Подшоҳии Испания хонум Аранча Гонсалес Лайя баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буда, ҷонибҳо зарурати тавсеаи муносибатҳоро таъкид карданд. Дар ин партав шарокат ва ҳамёрӣ муҳим дониста шуд.
Мусоҳибон инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Испанияро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ карданд. Рағбати тарафайн ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Аврупо баён гардид.
Вазирон перомуни тадбирҳои пешгирии интишори СOVID-19 дар кишварҳои ҳамдигар мубодилаи афкор карда, бори дигар пойбандии худро ба муборизаи муштарак бо ҳамагирӣ ва паёмадҳои он изҳор намуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






