Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Академияи миллии дипломатии Корея мулоқот намуд

Ноябрь 27, 2020 08:11

ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли Академияи миллии дипломатии Корея Ким Ҷун Ҳёнг мулоқот намуд.  

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории муштаракро дар самти омода намудани дипломатҳои касбӣ, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди дипломатҳои ҷавони тоҷик барои иштирок дар давраҳои бозомӯзии Академияи дипломатии Корея изҳор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии назди Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии дипломатии Кореяро ба имзо расониданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 27, 2020 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд