Ӯзбекистон филми «Ду ҳазор суруди Фарида»-ро ба ҷоизаи «Оскар» пешбарӣ намуд

Ноябрь 23, 2020 10:07

ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми Ёлкин Тӯйчиев — «Ду ҳазор суруди Фарида» дар номинатсияи «Беҳтарин филми бадеии байналмилалӣ» -ро Кумитаи Оскари Ӯзбекистон ба ҷоизаи «Оскар» пешбарӣ намудааст. Дар ин бора 21 ноябр хадамоти иттилоотии агентии миллии «Ӯзбеккино» хабар додааст.

Маросими супоридани ҷоиза 25 апрели соли 2021 дар театри машҳури «Dolby» дар Лос-Анджелес баргузор хоҳад шуд. Ширкати амрикоии кинои Netflix  ба таври ғайричашмдошт, аз рӯи теъдоди номинатсияҳо ҷойи студияи Disney -ро танг намуд. Дар навбати худ, студияи Sony Pictures бо 20 номинатсия барои «Оскар» аз студияи бузурги Warner Bros пеш гузашт.

Мутобиқи арзёбиҳои пешакӣ, ҷоизаи асосиро филми Сэм Мендес -«1917» метавонад ба даст оварад. Аз рӯи шумораи номинатсияҳо филми «Ҷокер» -и Тод Филлипс пешсаф ҳисобида мешавад — ин филм 11 номинатсия дорад. Пас аз он шояд филми охирини Мартин Скорсезе «Ирландӣ» бошад. Филми Квентин Тарантино “Рӯзе дар… Ҳолливуд” довталаби даҳ номинатсия мебошад.

Инчунин дар рӯйхати номзадҳо барои «Оскар» филмҳои зерин: «Харгӯш Ҷоҷо» -и Тайки Вайтити, «Қиссаи издивоҷ»-и Ноа Баумбак, «Занҳои хурд»-и Грета Гервиг, «Муфтхӯрҳо»-и Пон Ҷун Ҳо ва «Форд зидди Феррарӣ»-и Ҷеймс Мэнголд шомил шудаанд.

Филми Ёлкин Тӯйчиев — «Ду ҳазор суруди Фарида» дар номинатсияи «Беҳтарин филми бадеии байналмилалӣ» аз тарафи Кумитаи Оскари Ӯзбекистон ба ҷоизаи «Оскар» пешбарӣ шудааст. Дар ин бора 21 ноябр хадамоти иттилоотии агентии миллии «Ӯзбеккино» хабар додааст.

«Кумитаи Оскари Ӯзбекистон филми Ёлкин Тӯйчиев -«Ду ҳазор суруди Фарида»-ро, ки аз ҷониби Fox Music Cinema бо дархости Агентии Миллии Ӯзбеккино ба навор гирифта шудааст, барои ҷоизаи муътабари сулҳи «Оскар» дар номинатсияи «Беҳтарин филми бадеии байналмилалӣ»аз Ӯзбекистон интихоб намудааст», — иттилоъ медиҳад хадамоти хабаргузорӣ.

ДАР АКС: лаҳзае аз филми «Ду ҳазор суруди Фарида»

Муаллифи сенария ва коргардони филми «Ду ҳазор суруди Фарида» Ёлкин Тӯйчиев, наворбардор-басаҳнагузоранда Баҳодир Юлдошев, рассом-ба саҳнагузоранда Бектош Раҷабов, директори филм Шавкат Ризоев мебошанд. Филм дар бораи оила ва таъсири рӯйдодҳои сиёсии Туркистон дар ибтидои асри 20 ба он ривоят мекунад.

«Аз рӯи сюжети филм, Комил, ки ҳамроҳи се занаш аз одамон дур зиндагӣ мекунад, бори чаҳорум издивоҷ мекунад. Низоъҳои вобаста ба омадани зани нав ба оила ва вазъи сиёсӣ дар ин минтақа сабаби хароб шудани оила мегарданд», — хабар медиҳад хадамоти иттилоотии агентии миллии «Ӯзбеккино».

Дар филм Баҳром Матҷонов, Юлдуз Раҷабова, Элмира Раҳимҷонова, Марҷона Улҷаева, Санавбар Ҳақназарова, Нодира Ҳоҷиқулиева ва дигарон нақш офаридаанд. Маросими супурдани ҷоизаи 93-юми Академия 25 апрели соли 2021 дар Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи Оскари Ӯзбекистон бо ибтикори агентии миллии «Ӯзбеккино», Иттифоқи ҷавонон ва Комиссияи миллии филмҳои Ӯзбекистон баҳори соли 2019 таъсис ёфтааст.

 АКС: «Ӯзбеккино»

Ноябрь 23, 2020 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст