24 ва 27 декабр дар Душанбе бозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 24 ва 27 декабр, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешаванд. Ба ин муносибат ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ҳайати бозингаронро барои бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Эрон эълон кард. Барои бозиҳои дарпешистода сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Мубин Эргашев 24 бозингар — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-19) дар бозии дӯстона бар зидди дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);
Дифоъгарон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Манучеҳр Сафаров, Муҳаммад Саломзода, Шоҳрух Сангов, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Раҳим Қурбонов («Олимп-Химки», Россия);
Нимҳимоятгарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Ӯзбекистан), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Салам Ашурмамадов («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама – «Локомотив-Помир»), Ҳикматилло Исмоилов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
Бозиҳои дӯстона
24 декабр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
Тоҷикистон(U-19) – Эрон (U-19)
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
27 декабр (якшанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19)
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






