3 бонуи ихтироъкори тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии «KIWIE» дар шаҳри Сеул соҳиби медалҳои тилло гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалӣ ба 3 нафар занҳои ихтироъкори ҷумҳурӣ- ходими илми химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ Муътабар Зоидова, ассистенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Донишкадаи такмили ихтисос ва баъдидипломии кормандони соҳаи тиб Парвина Мухторова ва муовини декан оид ба илм ва донишҷӯёни шартномавии факултети «Нақлиёт»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ Тахмина Маҳмудова, ки дар 13 – умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE – 2020» ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардиданд, баргузор шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазири рушди иқтисод ва савдо мамлакат иттилоъ доданд.
Бояд гуфт, ки Намоишгоҳ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ аз 23 то 25 октябри соли равон баргузор гардида аз 17 кишвари аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ 441 нафар бонуи ихтироъкор (230 ихтироъ) иштирок намуданд.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли равон эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои навоварон ва ихтироъкорони ҷумҳурӣ давраи нави эҷодӣ ва масъулиятноке ба миён овард, ки ғолиб баромадани бонувон-ихтироъкорон натиҷаи самараи он ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин Вазири рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғолибони намоишгоҳро табрик ва ҳавасманд гардонида, барои аз бар намудани илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ва боз ҳам баланд бардоштани шуҳрати Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ даъват ба амал овард.










Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






