ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бо қомат афрохтани биноҳои муосир симои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт ба таври шинохтанашаванда дигаргун мегардад

Декабрь 11, 2020 13:07

ДУШАНБЕ, 11.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт   бунёди 315 иншооти таъйиноти гуногун  ба нақша гирифта шуда, танҳо дар моҳи ноябри соли равон 25 адади иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Алҳол дар иншооти боқимондаи ҷашнии ноҳия  корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозӣ  бомаром идома  доранд. Бо қомат афрохтани биноҳои муосир симои  маркази ноҳияи Рашт — шаҳраки Ғарм  ба таври шинохтанашаванда дигаргун гардида,  двр иҳотаи  қуллаҳои барфпӯш қарор доштанаш онро боз ҳам назарработар  гардонидааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  иншооти ҷашнӣ, асосан, аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону аҳолӣ сохта мешаванд. Масалан, соли равон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 14 иншооти таъйиноти гуногун бо иштироки меҳмонону сокинони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.  Иншооти баистифодадодашуда  китобхона, майдончаи варзишӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 33-и ноҳия барои 300 нафар хонанда дар ду баст, корхонаи истеҳсоли хишти пухта бо иқтидори дар як ҳафта сад ҳазор дона ва марказҳои хизматрасонию соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Сурхобу  Сорбоғ буда,  асосан аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону аҳолӣ бунёд шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар деҳаи дурдасти Лангараки Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх солҳо боз ҷавонон ба майдончаи варзишии замонавӣ эҳтиёҷ доштанд. Ин мушкилии  онҳоро соҳибкорони маҳаллӣ бо дастгирии  аҳолии деҳа дар муддати ду моҳ бартараф карданд. Акнун ҳамарӯза даҳҳо нафар ҷавонон дар ин майдонча ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мебошанд, то оянда маҳорати худро боз ҳам сайқал диҳанд.

Дар маркази шаҳраки Навобод бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соҳибкорони саховатманд бунёди се иншоот-истгоҳи замонавӣ, дӯкони гӯшт ва маркази тиҷоратиро анҷом доданд.

Соҳибкори маҳаллӣ Мирзохуҷа Ғиёсов дар соҳили дарёи Сорбоғ коргоҳи сангу шағал бунёд намудааст, то дар оянда коргарони ин корхона сохтмонҳои ноҳияи Раштро бо масолеҳи маҳаллӣ таъмин намоянд. То ҳамин давра дар инҷо чунин коргоҳи сангу шағалмайдакунӣ мавҷуд набуд.

Дар деҳаи Шули Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум бо иқдоми соҳибкорон 2 километр роҳи мошингард асфалтпӯш гардид. Инчунин ба истифода додани се истгоҳ дар шаҳраки Ғарму деҳаи Ҷафр ва Мулло Барот, чароғон намудани кӯчаи деҳаи Ҳоит, таъмири канали Туркон ва сохтмони осиёби обӣ дар деҳаи Ҳиҷборак аз ташаббусҳои ватандӯстонаи соҳибкорон мебошад, ки барои рушди деҳот бунёд шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли равон бо дастгирии молиявии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  дар маҳаллаи  Рашти шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар як муддати кӯтоҳ чоҳи амудӣ  ба истифода дода шуд.

Тавре  раиси маҳаллаи  мазкур  Зикрулло Ҳайдаров иброз дошт,  чуқурии чоҳи мазкур 86 метр буда, барои сохтмони он 220 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

«Дар ин мавзеъ 120 оила истиқомат дошта, бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин будан орзуи чандинсолаи  сокинони ин маҳалла маҳсуб мешуд.  Аз ин рӯ, мардуми маҳаллӣ дар баробари иштирок дар корҳои сохтмонӣ дар доираи имконот барои бунёди чоҳ  низ маб­лағгузорӣ намуданд»,- афзуд номбурда.

Дар баробари ба истифода додани чоҳи амудӣ, бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ роҳҳои мошингарди дохили маҳалла тахту ҳамвор ва сангфарш карда шуд. Соли гузашта роҳе, ки маҳалларо ба шоҳроҳ мепайвандад, бо кумаки вазорат дар масофаи зиёдтар аз ду километр мумфарш гардид.

Декабрь 11, 2020 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд