ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳашт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Қубодиён 163 иншооти гуногуни иҷтимоӣ сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳашт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Қубодиён 163 иншооти гуногуни хоҷагии халқ ба истифода дода мешаванд, ки корҳои сохтмонӣ дар онҳо беш аз 80 фоиз иҷро гардидаанд. Новобаста аз сардиҳои фасли зимистон имрӯзҳо дар иншооти мазкур корҳо бомаром идома доранд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни сафари корӣ аз ҷараёни бунёди иншооти иҷтимоӣ дар ҳудуди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон боздид намуд.
Дар доираи сафари корӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар Ҷамоати деҳоти «20 – солагии Истиқлолият» бо сокинони маҳаллӣ, омӯзгорон, табибон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони ҷамоат суҳбат намуд.
Зимни мулоқот аз сокинони ҷамоати мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон бо мақсади таъмини доимии аҳолии мамлакат бо қувваи барқ истифодаи самараноки онро ба роҳ монда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, кишти такрорӣ, истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ вусъат бахшанд.
Зикр гардид, ки истеҳсол ва парвариши меваю сабзавот, ғалладонагӣ, парвариши чорвои калону хурд, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тақвияти корҳои саҳроӣ, махсусан дар заминҳои президентӣ зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Вобаста ба ин масъулини соҳаро мебояд, ки баҳри вусъат бахшидан ба корҳои кишоварзӣ дар мавсими тирамоҳ ва баҳор тадбирҳои зарурӣ андешанд.








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






