ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Панҷакент бинои шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ба истифода дода мешавад

Декабрь 20, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 20.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили бинои иловагии таваллудхона, бинои шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар иншоот ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент аз ҷараёни сохтмони бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрӣ, ки  ба маблағи 9 200 000 сомонӣ ба истифода дода мешавад, дидан намуд.

Тибқи лоиҳа бинои мазкур дорои 60 кат мебошад. Дар иншоот айни замон корҳои сохтмонӣ дар қисмати пардоздиҳии деворҳои дохилии бино ба охир расида, васлу насби дари утоқҳо ва ободонии атрофи он идома дорад.

Инчунин дар шаҳри Панҷакент сохтмони бинои шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ҷараён дорад.

Иншооти мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дорои ошхона, толори машқу нуқтаҳои санитарӣ, утоқҳои кориву истироҳатӣ мебошад. Бинои нав бо фармоиши Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент сохта шуда, пудратчиён ҶДММ «Садоқат Суғд» ва ҶДММ «ПМК-278» мебошанд.

То имрӯз дар он ба маблағи беш аз 1,6 миллион сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуда, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ барои кормандони шуъба шароити муосири корӣ фароҳам оварда мешавад.

Раиси вилоят аснои боздид ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо, инчунин сабзазоркуниву хуррамгардонии атрофи он ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Панҷакент корхонаи муштараки «Зарафшон» яке аз калонтарин корхонаҳои ҳудуди вилоят ба ҳисоб рафта, дар он беш аз 2100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд. Ҳиссаи корхона дар соҳаи саноати шаҳру вилоят назаррас буда, давоми ҳафт соли охир нишондиҳандаи истеҳсолии корхона аз 349,8 миллион сомонии соли 2013 ба беш аз 2,6 миллиард сомонӣ расонида шудааст.

Тавре масъулони корхона ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, аз тарафи корхонаи «Зарафшон» бо харҷи 117 миллион доллари ИМА корхонаи коркарди хокаи мис сохта мешавад. Ин иқдом бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии мамлакат амалӣ гардида, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ ташкил карда хоҳанд шуд.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Сарони олии ду давлати ба ҳам дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Чин дар мамлакат корхонаҳои муштарак бунёд гардида, фаъолияти самарабахш доранд. Дар ин самт Корхонаи муштараки «Зарафшон» хосса зикр карда шуд. Инчунин ба роҳбарияти корхона ва шаҳр супориш дода шуд, ки соли равон барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ҷалби сокинони маҳаллӣ ба кор, иҷрои уҳдадориҳои корхона кӯшиш намоянд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри имсол бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм дар сатҳи баланд доир гардида, дар доираи таҷлили ин ҷашн дар шаҳру деҳоти Панҷакент даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Декабрь 20, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 76 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Муъминобод роҳҳо таъмиру навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 14 километр роҳҳои мошингарди ноҳияи Ҷайҳун таъмиру навсозӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон 3 фароғатгоҳ бунёд карда мешавад
НАМУНАИ ИБРАТ. Соҳибкорону сокинони деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар корҳои созандагию ободонӣ саҳми назаррас мегузоранд
Барои омӯзгорони деҳаи дурдасти ноҳияи Ховалинг хобгоҳ сохта шуд
Дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара меҳмонхонаи замонавии «Шоҳроҳ» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони якчанд иншооти ҷашнӣ идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Зафаробод Маркази хизматрасонии «Зарафшон» ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгоронро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара кӯдакистони №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд