ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хуҷанд 100 майдончаи варзишӣ сохта мешаванд

Декабрь 24, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 100 адад майдончаҳои варзишӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти
раиси ша
ҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулин супориш дод,  ки иншооти варзишӣ бештар дар маҳаллаҳои шаҳр сохта шаванд, то он ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон мусоидат намояд.

Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки «Арча-мебел», воқеъ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» фаъолият мекунад, ки  яке аз самтҳои корхона тайёр кардани дастгоҳҳо барои тамрин мебошад.

Айни замон корхонаи мазкур ба истеҳсоли 20 намуд таҷҳизоти гуногуни варзишӣ ва фароғатӣ машғул буда, бо нархҳои дастрас онро вориди бозори дохилӣ менамояд. Инчунин мувофиқ ба завқи мизоҷон ва фармоишоти гуногуни дастгоҳҳои машқу тамринӣ истеҳсол мекунанд. Корхонаи мазкур барои таҷҳизонидани майдончаҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, майдончаҳои хурди кўдакона ва истироҳату фароғат низ иқтидорҳои кофӣ дошта, барои амалинамоии фармоишот заминаи мусоид дорад.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз роҳбарони корхонаи «Арча-мебел» даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пешниҳоди лоиҳаҳои мушаххаси майдончаҳои варзишӣ бо назардошти маҷмӯи таҷҳизоти машқу тамрин бо сифати баланд корро дар ин самт оғоз намоянд.

Декабрь 24, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд