Аз ҷониби Пешвои миллат ба сарбозони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ зиёда аз 20 ҳазор дона туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодии 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарбозони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва қисмҳои низомии он зиёда аз 20 ҳазор дона туҳфаҳои гуногуни солинавӣ расонида шуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Туҳфаҳои солинавӣ асосан аз маводи хӯрокӣ, аз қабили орд, равған, шакар, шириниҳои гуногун ва сабзавоту меваҷот иборат аст.
Ҳамзамон туҳфаҳои солинавӣ аз номи Пешвои миллат ба оилаҳои ятимон ва бепарасторон, ки дар муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиа таълим мегиранд, расонида шуд.
Ногуфта намонад, ки дар баробари расонидани туҳфаҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисмҳои низомии ин ниҳоди қудратӣ дастурхони идонаи солинавӣ ороста шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






