Азим Иброҳим: «Ҷараёни корҳо дар татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, марҳилаи 2» бояд тақвият ёбад

Декабрь 16, 2020 10:25

ДУШАНБЕ,  16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни корҳо дар лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, марҳилаи 2»  (равшаннамоии роҳи кӯчаҳо, сохтмони хатҳои ҷудокунандаи байни роҳу пиёдароҳҳо ва гузаргоҳи рӯизаминӣ дар км 40-950) ва лоиҳаи «Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» (тағйир додани макони ҷойгиршавии сохтмони долони зиддитармавӣ аз км 69+350 ба км 72+700)  дар ҷаласаи Шӯрои илмӣ–техникӣ, ки таҳти раёсати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки  кормандони марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо, пудратчиёну шарикони рушд ва дигар мутасаддиён баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Вазири нақлиёти мамлакат  аз мутассадиён иҷрои корҳоро талаб намуда, зикр кард, ки масъалаи сохтмони роҳу пулҳо ва инфрасохтори роҳҳо ҳамеша зери назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт қарор дошта, масъулинро зарур аст ба ин кор аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ҳамзамон Вазири нақлиёт ҷараёни татбиқ ва иҷрои корҳо дар лоиҳаҳоро аз шахсони  мутасаддӣ пурсон гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои илмӣ-техникӣ ҳамзамон масъулини корҳо ва   мутасаддиёни лоиҳа гузориш доданд. Вазири  нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъмини иҷрои саривақтию босифати корҳои таҷдиду сохтмонӣ ба роҳбарони лоиҳаҳои «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, марҳилаи 2» ва  «Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ», инчунин ба  паймонкорон ва машваратчиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Декабрь 16, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад