БА ДИҚҚАТИ ШАХСОНЕ, КИ БА РОССИЯ САФАР МЕКУНАНД! Аз моҳи январи соли 2021 дар он ҷо барои тамокукашон маҳдудияти нав ҷорӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли оянда, дар Россия касоне, ки ба маҳсулоти тамоку афзалият медиҳанд, бо мамнӯият ва маҳдудияти нав дучор хоҳанд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».
Аз ҷумла, аз 1 январи соли 2021 тамокукашӣ дар муассисаҳои тиббӣ, фурӯшгоҳҳо, анбор ва анҷомхонаҳо манъ карда мешавад. Ин дар қарори ҳукумат аз 25 сентябри соли 2020 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои режими зидди сӯхтор» пешбинӣ шудааст.
Танҳо ҷойҳои махсуси тамокукашӣ истисно хоҳанд буд — тибқи қонун, ин ҷойҳо бояд бо лавҳачаҳои махсус «Ҷойи тамокукашӣ» аломатгузорӣ шаванд.
«Роҳбарони ташкилоти мазкур муваззафанд, ки дар муассисаҳои худ лавҳаҳоро бо навиштаҷоти қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор, огоҳӣ дар бораи манъи сигоркашӣ: «Тамокукашӣ ва истифодаи оташи шӯълавар манъ аст » насб кунанд, — шарҳ медиҳад ҳуқуқшинос.
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намудани тамокукашӣ дар соли 2013 ба муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва тиббӣ дахл дошт. Дар даромадгоҳҳои вокзалҳо, фурудгоҳҳо, бандарҳои баҳрӣ ва дарёӣ (дар фосилаи на камтар аз 15 метр) тамокукашӣ манъ аст. Манъи пурра ба мақомоти давлатӣ, майдончаҳои кӯдакон, ҷойҳои оббозӣ ва биноҳои хадамоти иҷтимоӣ дахл дорад. Тибқи маълумоти пажӯҳишҳо, пас аз эътибор пайдо кардани ин қонун, шумораи ҳолатҳои тамокукашӣ тақрибан 70% коҳиш ёфтааст, қайд кард коршинос.
Дар Тоҷикистон боз сахттар аст
Дар Тоҷикистон маҳдудият барои тамокукашон сахттаранд: тавре ки АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, се сол қабл қонуни нав «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку» тасвиб шуд. Дар муқоиса бо қонуни мушобеҳ, ки аз соли 2010 амал мекунад, қонуни нав меъёрҳои тамокукаширо дар мамлакат боз ҳам сахттар кард: кашидани сигор қариб дар ҳеҷ ҷо иҷозат нест.
Тибқи меъёрҳои қонуни нав, кашидани тамоку дар биноҳои маъмурӣ, дафтарҳои корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, фурудгоҳҳо, истгоҳҳо, санаторияҳо, хобгоҳҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ комилан манъ аст.
Илова бар ин, дар мамлакат фурӯши маҳсулоти тамоку дар масофаи сад метр наздик ба биноҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва ташкилоти динӣ манъ аст.
Фурӯши сигор ба ашхоси то 18-сола манъ аст: агар фурӯшанда ба синни харидор шубҳа дошта бошад, ӯ ҳақ дорад аз ӯ санади дахлдор талаб кунад.
Дар мамлакат фурӯши дона-донаи маҳсулоти тамоку манъ аст. Ғайр аз ин, акнун дар қаламрави Тоҷикистон мубодилаи маҳсулоти тамоку бо дигар молҳо, хидматҳо ва тақсимкунии ройгони он дар байни аҳолӣ манъ аст.
Воқеан, тавре ки дар қонун зикр шудааст, мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ метавонанд дар асоси дархости сохторҳои дахлдор барои тамокукашӣ дар ҷойҳои адои ҷазо, беморхонаҳои рӯҳӣ, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон иҷозат диҳанд: дар ин муассисаҳо бояд ҷойҳои махсус барои тамокукашӣ сохта шаванд.
Роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, бояд ҷойҳои махсуси тамокукашӣ ташкил кунанд. Аммо онҳо набояд дар дохили биноҳо бошанд.
Қонуни соли 2010 «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку» ҳуқуқи тамокукашонро қисман маҳдуд кард. Ба онҳо сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шудааст, аммо кашидани сигор дар ҷойҳои махсус ҷудошуда мумкин аст.
Ёдовар мешавем, ки ин қонун бо ташаббуси шахсии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, ва мавриди зикр аст, ки соли 2018 барои саҳмгузорӣ дар таъмини тарзи ҳаёти солими аҳолии ҷумҳурӣ сазовори медали Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гардиданд.
АКСИ: «РИА Новости»








Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад






