Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид мегардад
ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Ба иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати мушаххас намудани ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо мақсади аз байн бурдани такрорёбии ваколатҳо аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ дар самти назорати фаъолияти илмӣ, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Тибқи тағйироти пешниҳодгардида дар қисми 1 моддаи 60 Кодекси амалкунанда калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шуда, ҳамзамон ба моддаи 64-и Кодекси мазкур, қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«3. Фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо ҷалби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ назорат карда мешавад».
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода таъкид кард, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонӣ ба сархати якуми моддаи 14 ва моддаи 27-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 9 ва 69-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гаштааст. Лоиҳаи Қонуни мазкур аз ду қисм иборат буда, дар асоси қисми 1 он баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об ба ваколати мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист вогузор карда мешавад. Минбаъд санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи шахсони ваколатдори мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист тартиб дода мешаванд. Тибқи қисми 2 лоиҳа моддаи 103-и Кодекси амалкунанда, ки ба ваколати мақомоти ҳифзи захираҳои об тааллуқ дорад, хориҷ карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус ба қисми дуюми моддаи 10, моддаҳои 13 ва 14, инчунин сархати якуми моддаи 14 ва моддаи 27-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд






